Хадамоти матбуотии ширкати мобилии Ucell-и Узбекистон гуфт, хабарҳо дар бораи он ки Гулнора Каримоваи зиндонӣ, духтари президенти пешини он кишвар саҳмияҳои ширкатро дар ихтиёр дорад нодуруст аст. Ин ширкат ҳамчунин сарусадоҳоеро рад кардааст, ки мегуфтанд, Ucell-ро акнун на давлат, балки афроди дигар идора мекунанд.
Пештар аз ин фарзандони Гулнора - Ислом ва Имон Каримовҳо бо нашри номае дар интернет гуфтанд, модарашон соҳиби саҳмияҳои ширкати Ucell аст ва айни ҳол ширкатро афроди дигар идора мекунанд, на давлати Узбекистон.
Ширкати мазкур дар посух гуфт, ки 100 дарсади саҳмияҳо дар ихтиёри давлат ҳастанд ва ин ширкат аз сӯи давлат идора мешавад.
Дар посухи ширкат ҳамзамон омадааст, ки 5-уми декабри соли 2018 давлати Узбекистон 100 дарсади саҳмияҳои Ucell-ро бо арзиши 215 миллион доллари ИМА харидорӣ карда, ҳамзамон 485 миллион доллари қарзи ширкати Ucell-ро пардохтааст.
Ҳангоми хариду фурӯш номи Гулнора Каримова ҳамчун саҳҳоми ширкат зикр нашудааст, мегӯянд дар хадамоти матбуотии Ucell.