Ширкати нонпазии "Майя" дар Душанбе рӯзҳои 2-юм ва 4-уми май барои 150 нафар дар бемористонҳои "Истиқлол" ва "Қарияи Боло"-и пойтахт ширинӣ тақдим намуд.
Масъулони ширкат гуфтанд, ин ду беморхона чанд муддат боз дар карантин ҳастанд ва ҳарчӣ бештар ба кумак ниёз доранд.
Бо зиёд шудани гирифторони бемории COVID-19 дар Тоҷикистон ҷомеаи шаҳрвандӣ даъват карданд, ки ба табибону беморон кумак намоянд.
Ҳамарӯза бо нашри аксу видео дар шабакаҳои иҷтимоӣ нишон дода мешавад, ки беморхонаҳо камбуди маводи тиббӣ доранд. Соҳибкорону шахсони саховатманд ба беморхонаҳо маводи тиббӣ, беҳдоштӣ ва хӯрокворӣ тақдим мекунанд.
Дар Тоҷикистон то 5-уми май 290 нафар ба вируси нав сироят шуда, панҷ нафар фавтидаанд.
Айни замон гуруҳҳои алоҳида барои таъмини пизишкон бо либоси ҳифозатӣ маблағ ҷамъ меоранд. Вазорати тандурустӣ ба навъе эҳтиёҷоти фаврӣ ба лавозимоти тиббиро эътироф кардааст.