Марк Эспер, вазири дифои Амрико гуфтааст, Толибон, ки ҳамлаву бобмгузориро дар Афғонистон афзоиш додаанд, ба аҳди худ вафо накардаанд ва созиши осебпазир бо Амрикоро зери хатар мегузоранд. Амрико ва Толибон баъд аз гуфтугӯҳои тӯлонӣ дар Қатар рӯзи 29 уми феврали имсол созише имзо карданд.
Ҳадафи он коҳиш додани хушунат дар Афғонистон ва боз кардани роҳ ба музокироти мустақим бо ҳукумат ва хотима додан ба ҷанги 18 сола дар Афғонистон аст. Аммо моҳҳои ахир Толибон дар моҳҳои гузашта ҳамлаву хунрезиро бештар кардаанд. Марк Эспер, рӯзи 5 уми май ба хабарнигорон гуфт, “фикр намекунам, ки онҳо аҳдҳои худро иҷро мекунанд.” Ба қавли Эспер, ҳукумати Афғонистон ҳам ба тааҳудоташ содиқ будааст.
Ҳукумати Афғонистон дар музокироти Амрикову Толибон ҳузур надошт, вале бар асоси созиши миёни ин ду тараф бояд барои эътимодсозӣ ва оғози музокироти байнулафғонӣ 5 ҳазор зиндонии Толибро раҳо кунад. Марк Эспер гуфт, ҳукумати Афғонистон ва Толибонро зарур аст, “якҷо биёянд ва дар ончиро, ки мувофиқа шудааст, пешрафт ба даст биёранд.”