Туркманистон ҳайати Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (СҶТ)-ро барои омӯзиши вазъи COVID-19 дар он кишвар роҳ надод.
Туркманистон дар ҳоле ки даъво дорад, дар он кишвар ҳеч ҳолати гирифторӣ ба вируси корона сабт нашудааст, ба эътилофи талошҳои байналхалқӣ дар амри мубориза бо вируси корона даъват мекунад.
Бюрои минтақавии СҶТ, ки коршиносонаш айни ҳол дар Тоҷикистон ҳастанд, ҳанӯз 23 апрел аз тасмими сафар ба Тоҷикистону Туркманистон хабар дода буданд.
Дар дафтари аврупоии СҶТ гуфтанд, созмон то кунун аз ҷониби Туркманистон даъватнома дарёфт накардааст.
"Ҳайат ҳоло дар Тоҷикистон аст. Аз ибтидо тасмим буд, ки баъди Тоҷикистон ба Туркманистон хоҳанд рафт", - гуфт Стефани Брикман, намояндаи СҶТ дар дафтари аврупоии ин созмон.
Ба гуфтаи вай, СҶТ ҳанӯз ҳам дар талоши дарёфти даъватнома аз ҷониби Туркманистон аст.