Қутбиддин Қодирови 49-сола, муовини сардори Раёсати Бозрасии Давлатии Автомобилӣ (ГАИ) дар вилояти Хатлон шаби 4-уми май дар бемористони ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ даргузашт.
Афроди наздик ба ӯ гумон доранд, ки Қодиров бар асари бемории ҳамагир ҷон бохтааст, чун бо ҳарорати баланду нафастангӣ ба бемористон бурда шуд.
Амриддин Солиев, сардухтури бемористони ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ рӯзи 5-уми май гуфт, Қутбиддин Қодиров бемории қанд низ дошт. "Сабаби маргашро бронхити музмин мондем. Рости гап, дар бораи коронавирус буданаш чизе гуфта наметавонам, чун ташхиси коронавирус накардем. Дар бемористон се соат монд ва даргузашт", - афзуд ӯ.
Ҷасади подполковник Қодировро зери чораҳои сахти эҳтиётӣ дар ҷамоати Яккатути ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дафн кардаанд.
Пизишкон мегӯянд, хонаводаи ӯ зери назорат аст.
Анвар Бӯриев, раиси ҷамоати Яккатут мегӯяд, муовини сардори БДА дар Хатлон "бемории илтиҳоби шуш дошт ва аз ин беморӣ фавтид".
Дар як моҳи ахир дар вилояти Хатлон наздики 20 нафар бар асари илтиҳоби шуш ё пневмония ҷон бохтаанд. Беш аз 400 нафари дигар ба он гирифторанд.
Мақомоти Вазорати тандурустии Тоҷикистон рӯзи 4-уми май гуфтанд, ки дар вилояти Хатлон 22 нафар ба COVID-19 гирифтор шудаанд. Дар маҷмуъ дар кишвар 293 ба коронавирус сироят шуда, панҷ нафар фавтидаанд.