Добавить новость
World News in Tajik


Новости сегодня

Новости от TheMoneytizer

AI: Ҳукмҳои қатл кам мешавад

Amnesty International – созмони Афви байнулмилал мегӯяд, ки дар саросари сайёра соли чорум аст, ки иҷрои ҳукми қатл камтар мешавад. Гузориши нави ин созмон ҳокист, ки соли 2019 дар ҷаҳон 657 ҳодисаи татбиқи ҳукми қатл сабт шудааст ва ин нишондод 33 ҳодиса камтар назар ба соли 2018 мебошад. Ҳукмҳои қатл дар 20 давлат побарҷо боқӣ мемонад. Дар гузориши рӯзи 21 апрел нашршуда Афви байнулмилал ба набуди шаффофият дар гузоришҳои марбут ба ҳукми қатл муроҷиат карда гуфтааст, ки шумори воқеии иҷрои ҳукмҳои қатл метавонад аз ин бештар бошад. 


Бар асоси ҳисобҳои Афви байнулмилал,  соли 2019 дар Эрон 251, дар Арабистони Саудӣ 184, дар Ироқ дасти кам 100 ва дар Миср 32 ҳодисаи иҷрои ҳукми қатл сабт шудааст. 


Дар Эрон бо ин ки шумори ҳукмҳои қатл коҳиш ёфтаст, созмони ҳомии ҳуқуқ аз қатлҳои пинҳонӣ ёд мекунад. Дар гузориш омадааст, ки ду писарбачаи 15-сола дар як “додгоҳи ноодилона” ба таҷовуз ба номуси бисёркарата айбдор шуда, пинҳонӣ ба қатл расонида шуданд.  


Дар  гузориш инчунин омадааст, ки Қазоқистон, Русия ва Тоҷикистон дар миёни кишварҳое мебошанд, ки мораторий ё манъи иҷрои ҳукми қатлро риоя мекунанд. Аввалин бор аз соли 2010 дар Афғонистон ҳеҷ як ҳодисаи иҷрои ҳукми қатл сабт нашудааст.  

Читайте на сайте


Smi24.net — ежеминутные новости с ежедневным архивом. Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. Абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть —онлайн с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии. Smi24.net — живые новости в живом эфире! Быстрый поиск от Smi24.net — это не только возможность первым узнать, но и преимущество сообщить срочные новости мгновенно на любом языке мира и быть услышанным тут же. В любую минуту Вы можете добавить свою новость - здесь.




Новости от наших партнёров в Вашем городе

Ria.city
Музыкальные новости
Новости России
Экология в России и мире
Спорт в России и мире
Moscow.media










Топ новостей на этот час

Rss.plus