Добавить новость
World News in Tajik


Новости сегодня

Новости от TheMoneytizer

Мақомот гуфтанд, як сокини дигари Ҷаббор Расулов аз пневмония фавтидааст

Мақомоти тандурустии вилояти Суғд гуфтанд, ки боз як сокини ноҳияи Ҷаббор Расулов аз илтиҳоби шуш ё пневмония фавтидааст.


Абдухалил Ҷӯрабоев дар се ҳафтаи ахир сеюмин сокини ноҳияи Ҷаббор Расулов аст, ки дар карантин мефавтад. Оилаи Ҷӯрабоев феълан зери назорати пизишкон ҳастанд.


Маъруфҷон Ҳоҷибоев, муовини сардори Раёсати тандурустии вилояти Суғд, рӯзи 21-уми апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, Абдухалил Ҷӯрабоев рӯзи сешанбе дар бемористони ҷамоати Ғулакандоз даргузашт.


Ҳоҷибоев эҳтимоли аз коронавирус гузаштани Ҷӯрабоевро рад кард ва афзуд, "он кас моҳи апрели соли 2019 аз бемории санги гурда ҷарроҳӣ шуда буданд. Илтиҳоби шадиди дутарафаи шуш доштанд. То 14-уми апрел, ки бистарӣ шуданд, панҷ рӯз бо таби 38-39 дар хона будаанд. Баъд бо ҳолати вазнин бистарӣ мешаванд". 


Абдухалил Ҷӯрабоеви 56-сола сокини севуми ноҳияи Ҷаббор Расулов аст, ки маргаш дар се ҳафтаи ахир хабарсоз мешавад. Пеш аз ӯ Ҳабибулло Шодиев ва Ҳоҷимуҳаммад Тошев, сокинони ноҳияи Ҷаббор Расулов вафот карданд ва мақомот сабаби марги онҳоро аз илтиҳоби шуш ё пневмония гуфтанд.


Бархе аз расонаҳо навиштанд, ки Абдухалил Ҷӯрабоев дар маросими ҷанозаи Ҳабибулло Тошев иштирок дошта, аз наздикони ӯ мебошад.


Уткир Шодиев, писари Ҳабибуло Шодиев, рӯзи 21-уми апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, Абдухалил Ҷӯрабоев бо оилаи онҳо ҳеч робитаи хешу таборӣ надорад.


Тоҷикистон аз ҷумлаи кишварҳои ангуштшуморест, ки ба гуфтаи мақомот то ҳол сироят ба вируси нави корона сабт нашудааст. Аммо мақомоти тандурустӣ мегӯянд, ҳафтаҳои ахир бемории пневмония авҷ гирифтааст. 

Читайте на сайте


Smi24.net — ежеминутные новости с ежедневным архивом. Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. Абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть —онлайн с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии. Smi24.net — живые новости в живом эфире! Быстрый поиск от Smi24.net — это не только возможность первым узнать, но и преимущество сообщить срочные новости мгновенно на любом языке мира и быть услышанным тут же. В любую минуту Вы можете добавить свою новость - здесь.




Новости от наших партнёров в Вашем городе

Ria.city
Музыкальные новости
Новости России
Экология в России и мире
Спорт в России и мире
Moscow.media










Топ новостей на этот час

Rss.plus