Амрико мегӯяд, 11 қаиқи Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон нисбат ба киштиҳои нирӯҳои баҳрии Иёлоти Муттаҳида дар Халиҷи Форс "ҳаракатҳои хатарноку озордиҳанда" анҷом доданд.
Ҳодиса рӯзи 15-уми апрел рӯй додааст, замоне ки нирӯҳои амрикоӣ дар обҳои байналмилалӣ машқ мекарданд.
Яке аз қаиқҳои эронӣ то даҳ метр ва дигаре то панҷоҳ метр ба киштиҳои амрикоӣ наздик шудааст.
Нирӯҳои баҳрии Амрико, мустақар дар Баҳрайн, мегӯянд, қаиқҳои Сипоҳи посдорони инқилоби Эрон "гашти ғайриҳирфаӣ" карданд. Касе осеб надидааст.
Ҳодиса як рӯз баъди он иттифоқ уфтод, ки афроди мусаллаҳи ношинос ба нафткаше бо парчами Ҳонгконг дар наздикии Тангии Ҳурмуз савор шуданд.
Майк Помпео, вазири корҳои хориҷии Амрико, мегӯяд, дар мавриди ин рӯйдод бо Пентагон суҳбат кардаст. Вай дар мусоҳиба бо Fox News гуфт, посух ва тарзи ибрози норизоятии Амрикоро ба ин ҳодиса баррасӣ доранд.