Сардухтури бемористони марказии шаҳри Алматои Қазоқистон Алмос Ҷувашев баъди мубтало шудани беш аз сад табиб ба коронавирус аз мақом барканор шуд.
"Сардухтур аз мақом барканор шуд. Дар беморхонаи зери раҳбарии ӯ ҳудуди 200 кас беморанд. Шояд ӯ дар умури ташкилотии худ иштибоҳеро медонист, ки бо хиҳиши худ аризаи аз кор рафтанро навишт", - иттилоъ дод сардори Идораи тандурустии Алмато ба рӯзноманигорон.
Пештар мақомоти Алмато хабар дода буданд, ки бемористони марказии шаҳрӣ ба карантин гирифта шудааст. Даҳҳо табиби беморхона пас аз барканории Ҷувашев бо нашри як изҳороти видеоӣ хостанд, ки ӯро ба мақомаш баргардонанд.
Ҷувашев моҳи майи соли 2019 баъди боздошти сардухтури вақти беморхона бо гуноҳи фасодкорӣ ба ин мақом таъйин шуда буд.
Ба иттилои расмӣ, шумори табибони қазоқ, ки ба коронавирус мубтало шудаанд, то шоми сешанбе ба 182 расид.
Иҷрокунанди вазифаи сардухтури бемористони марказии Алмато Марат Абдуллоев таъйин шудааст, ки солҳои 2012-2017 онро раҳбарӣ мекард.