Президенти ИМА Доналд Трамп гуфт, ки ба маъмурияташ амр дод, то маблағгузории Созмони ҷаҳонии беҳдошт (СҶБ) дар робита бо тарзи бархӯрди ин созмон дар нисбати пандемияи коронавирус қатъ шавад. Трамп рӯзи 14 апрел гуфт, ки СҶБ “вазифаи асосии худро иҷро карда натавонист ва бояд барои ин ҷавоб диҳад”. Трамп дар идома дар нишасти матбуотиаш дар Кохи Сафед гуфт, ки дар давоми 60 то 90 рӯзи баррасии кори СҶБ, ИМА маблағгузории ин созмонро қатъ мекунад. Трамп гуфт, ки агар ин бахши СММ замони пайдоиши вирус дар Чин гузоришҳоро таҳқиқ мекард, имкони дар марҳилаи аввали пайдоиш гирифтани пеши роҳи паҳншавии вирус ва наҷоти ҷони одамон вуҷуд дошт.
Дар вокуниш ба ин изҳорот, дабири кулли СММ Анттнио Гутерреш гуфт, ки ҳоло фурсати дуруст барои кам кардани маблағгузории СҶБ ваё дигар созмонҳои хайрияе, ки бо паёмадҳои коронавирус дастбагиребон ҳастанд, нест. Дар изҳороти раҳбари СММ ба ваҳдат ва ҳамкории ҷомеаи байналмилалӣ ба хотири хатми “паёмадҳои харобиовари” коронавирус даъват кард. ИМА рӯзи 14 апрел 2228 ҳодисаи нав ва рекордии марги инсонҳо дар 24 соати гузаштаро ба қайд гирифт. Дар ИМА шумори баландтарини ҳодисаҳои тасдиқшудаи гирифторӣ ба коронавирус, яъне беш аз 600 ҳазор нафар ва шумори баландтарини марги инсонҳо, яъне беш аз 25700 ҳодиса ба қайд гирифта шудааст.