Пинҳон доштани маълумот 52 нафарро дар Уфаи Русия гирифтори COVID-19 ва 700 касро карантинӣ кард. Ба гуфтаи сардухтури бемористони ҷумҳуриявӣ Элза Сиртланова, беморон дар ҳоле ошкор шуданд, ки тамоми шифохона таҳти карантин аст.
Ин дар ҳолест, ки наздик ба 700 нафар бемору пизишк дар ин бемористонанд, 130 нафар пневмония доранд ва 6 тани онҳо дар шуъбаи эҳё таҳти назорати ҷиддӣ гирифта шудаанд. Дар ин бора бахши русии Радиои Озодӣ хабар додааст.
Рӯзи 10-уми апрел вазири тандурустии Бошқирдистон Максим Забелин дар нишасти хабарие дар Уфа гуфт, 170 нафар, аз ҷумла духтурон, дар ин бемористон бо гумони коронавирус бистарӣ шуда, худи беморхона пурра карантин шуд. Сабаб дар он буд, ки 6-уми апрел панҷ корманди тиббӣ ва ду бемори пневмония дар ин ҷо таб карданд ва дар яке аз онҳо пас аз фавташ коронавирус ошкор карда шуд.
Тимур Уразметов, ҳуқуқшинос ва писари мудири шӯъбаи ревматологияи ин беморхона бо номае ба додситонӣ муроҷиат кард ва талаб намуд, ки раҳбарияти беморхона барои пинҳон доштани маълумот ба ҷавобгарӣ кашида шавад. Кумитаи тафтишоти Русия гуфтааст, ин аризаро таҳқиқ мекунад.