Фаъолони ҳуқуқи башар аз ҳамлаи нирӯҳои вижаи Русия ба зиндони рақами 15 дар вилояти Иркутск хабар доданд.
Созмони ғайриҳукуматии дифоъ аз ҳуқуқи башар гуфт, зиндониён шаби 9-уми апрел, баъди ба иддаои онҳо латту кӯб шудани маҳбусе аз ҷониби зиндонбон, даст ба эътироз заданд.
Бар асоси гузоришҳо, ин зиндонӣ пас аз латту кӯб шудан талош кардааст, худкушӣ кунад.
Мақомот мегӯянд, ҳодиса замоне рух дод, ки як зиндонӣ ба як муҳофиз ҳамла кард. Ба гуфтаи онҳо, вазъияти зиндонӣ зери назорат аст. Гузориш шудааст, ки зиндонбон муолиҷа мегирад.
Дар наворҳое, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ пахш шуд, биное дар ҳоли оташ гирифтан аст ва зиндониён фарёд мезананд, ки кушта мешаванд.
Бино ба гузоришҳо, дар ин ҳодиса 300 нафар маҷруҳ шудаанд.
Фаъолони ҳуқуқи башар иҷоза наёфтаанд, ки ба дохили ин зиндон бираванд. Дар онҷо тақрибан 1300 нафар нигоҳдорӣ мешаванд, аммо ҳанӯз маълум нест дар миёни онҳо оё шаҳрвандони Тоҷикистон низ ҳастанд, ё не. Дар зиндонҳои Русия ҳазорҳо шаҳрванди Тоҷикистон адои ҷазо мекунанд.