Гурӯҳи Толибон ҳайати худро аз Кобул бозхондаанд ва чанд соат баъд аз он ки гуфтанд, музокирот дар бораи табодули асирон бо ҳукумат қатъ шуд. Табодули асирон тадбири аслӣ барои музокироти сулҳ миёни ду тараф аст, ки бо мусоидати Амрико ба роҳ андохта шуд.
Гурӯҳи 3 нафарии Толибон дар шаҳри Кобул бо чанде аз намояндагони ҳукумати Афғонистон дар бораи озод кардани зиндониёни Толиб гуфтугӯ доштанд. Суҳайл Шоҳин, сухангӯи дафтари Толибон дар Қатар рӯзи 7-уми апрел дар Твиттер навишт, ҳайат “ҳамин лаҳза” аз музокирот даст мекашад. Ба гуфтаи ӯ, зиндониёну асирони Толибро бояд то ҳол озод мекарданд, вале “тарафҳои марбута дониста” ин корро ба таъхир меандозанд.
Аз ин пештар Суҳайл Шоҳин дар Твиттер навишт, ки Толибон дар “мулоқотҳои беҳосил” ширкат нахоҳанд кард ва гуфт, ки сабаби таъхир дар раҳоии зиндониён ҳукумати раиси ҷумҳур Ашраф Ғанӣ аст. Ду тараф аз ҳафтаи гузашта саъй доштанд, қарори табодули асиронро ниҳоӣ кунанд. Воҳид Умар, яке аз мушовирони Ашраф Ғанӣ гуфт, ҳукумат раҳоии зиндониёнро ҳамчун бахше аз музокироти васеъ бо Толибон қабул дорад. Ӯ рӯзи 7-уми апрел гуфт, зиндониёни Толибро замоне озод мекунанд, ки ин гурӯҳ “қадаме ба сӯи пеш бардорад.”