Борис Ҷонсон, нахуствазири Бритониё рӯзи дуввуми худро дар шӯъбаи эҳёгарии шифохонае дар шаҳри Лондон сипарӣ кард. Айни замон дар рӯзи 7-уми апрел дар он тарафи уқёнус дар Амрико теъдоди қурбониёни бемории КОВИД-19 аз 4000 нафар ҳам гузашт. Дар дигар гӯшаҳои ҷаҳон аз ҷумла Аврупо, манъи равуои зиёд ва нигаҳдории фосила аз ҳамдигар натиҷа додааст, ки суръати густариши вируси хатарнок сусттар мешавад.
Вазъи сиҳатии нахуствазири Бритониё, яке аз раҳбарони шинохта дар ҷаҳон, ки чанде пеш вирус ба ӯ ҳам сироят кард, ба қавли сухангӯяш “мӯътадил” аст ва ӯро барои “назорати дақиқ дар шӯъбаи эҳёгарӣ нигаҳ медоранд”. Дар саросари Бритониё то ҳол бештар аз 55 ҳазор нафар бемор шудаанд ва 6200 каси онҳо ҷон додаанд.
Дар шаҳри Ню Йорк дар як рӯз тақрибан 1000 нафар фавтид ва теъдоди қурбониён аз 4000 ҳазор тан гузашт. Дар саросари Амрико КОВИД-19 дар маҷмӯъ тақрибан 13 ҳазор нафарро кушта ва ба 400 ҳазор кас сироят кардааст. Омори мазкурро Донишгоҳи Ҷон Ҳопкинси Амрико ҷамъ меорад.