Ситоди ҷумҳуриявии Қирғизистон хабар дод, ки як шаҳрванди ин кишвар бар асари мубталошавӣ ба корона ҷон бохт.
Ин марди 61-сола аз ноҳияи Ноокат буда, дар беморхонаи вилояти Ӯш даргузаштааст.
Ба огаҳии ситод, дар давоми як рӯзи ахир дар Қирғизистон 14 ҳолати нави мубталошавӣ ба коронавирус ошкор шудааст. Ҳамин тариқ аз 18 марти соли равон то ба имрӯз ҷамъан 130 кас дар ин кишвар ба коронавирус мубтало шудааст.
Дар Қирғизистон ба иллати коронавирус аз 25 март то 15 апрели соли равон ҳолати фавқулода эълом шудааст.
Дар се шаҳри бузургтарин ва пойтахти Қирғизистон аз 25 март вазъи фавқулода эълом гаштааст. Равуои рӯзонаи сокинон ва воситаҳои нақлиёт маҳдуд ва аз соати 20:00 то 07:00 соати комендантӣ эълом шудааст.