Сафорати Тоҷикистон дар Русия хостори таҳқиқи ҳамаҷонибаи қазияи Акбарҷон Холиқов, муҳоҷири 22- солаи тоҷик шудааст. Дар ин бора Имомуддин Сатторов, сафири Тоҷикистон дар сӯҳбат бо хабаргузории "Азия -плюс" баён доштааст. Сафир гуфтааст, онҳо аз ин қазия огоҳ буда, фарди муттаҳам боздошт шудааст ва тафтишот идома дорад.
Ба қавли Имомиддин Сатторов, онҳо ба Раёсати корҳои дохилии ноҳияи Коптевои Маскав нома фиристода, дар он, талаб карданд, ки ҳодиса ҳаматарфа таҳқиқ карда шавад. "Сафорат ин қазияро зери назорат гирифтааст"-хулоса намудаст, сафири Тоҷикистон дар Русия.
Пайвандони Акбарҷон Холиқов, муҳоҷири 22-солаи тоҷик, шикоят доранд, ки муовини мудири корхонаи "Жилишник"-и ноҳияи Коптево дар Маскав, Андрей Третяков, фарзанди онҳоро аз ошёнаи дувуми хобгоҳ ба замин партофтааст. Ҳодиса рӯзи 1-уми апрел рӯй дода, муҳоҷири тоҷик дар ҳолати вазнин дар бемористон бистарист.
Акбарҷон Холиқов ба ҳайси роҳрӯб дар ҳамин идора кор мекард ва дар хобгоҳи он мезист. Третяков фарзияи дигареро пеш оварда, гуфтааст, гӯё роҳрӯби тоҷик худро аз ошёнаи дувум ба замин ҳаво дод.
Волидони Акбарҷон Холиқов гуфтанд, ӯ дар беморхонаи Боткини шаҳри Маскав ба ҳуш омадааст, вале вазъаш ҳамчунон нигаронкунанда аст.
Мақомоти пулиси ноҳияи Коптево гуфтаанд, ҳодиса мавриди санҷиш қарор дорад, вале то замоне ки Акбарҷон Холиқов қазияро нақл накунад, ҳақиқати ҳол пурра рӯшан нахоҳад шуд.