Теҳрон мегӯяд, Роберт Левинсон, агенти собиқи FBI ё Хадамоти кашфи Амрико "хеле пештар" Эронро тарк кардааст ва онҳо намедонанд, ки ӯ дар куҷост.
Ин дар ҳолест, ки хонаводаи Левинсон мепиндоранд, вай дар маҳбасе дар Эрон даргузаштааст.
Аббос Мӯсавӣ, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Эрон, рӯзи 26-уми март дар изҳороте гуфт, "бар асоси шавоҳид ё далелҳои собитшуда ӯ чанд сол пеш Эронро тарк карда, ба самти номаълум рафтааст."
Вай афзуд, мақомоти расмӣ ҳама кори мумкинро карданд, то мушаххас намоянд, ки баъди аз Эрон рафтани Левинсон чӣ иттифоқ уфтод, вале дар бораи вуҷуди ӯ ҳеч иттилоъ наёфтанд.
Алиризо Мирюсуфӣ, сухангӯи маъмурияти доимии Эрон дар Созмони Милали Муттаҳид гуфт: "Эрон ҳамеша тасдиқ кардааст, ки мақомоташ дар бораи дар куҷо будани Левинсон чизе намедонанд. Ва ӯ дар маҳбаси Эрон ҳам нест. Ин фактҳо тағйир накардаанд".
Левинсон сездаҳ сол пеш, вақте 58-сола буд, дар Эрон рабуда шуд.
Мушовири амнияти миллии Кохи Сафед дар эъломияе гуфт, пеш аз ин ки Вашингтон таҳқиқотро дар мавриди Левинсон оғоз кунад, Теҳрон бояд дар ин замина маълумоти пурра диҳад.