Котиби давлатии ИМА Майк Помпео дар талоши суръат бахшидан ба шурӯи иҷрои созиши моҳи гузаштаи сулҳи ИМА ва Толибон дар фазои таҳдиди паҳншавии коронавирус, ногаҳон рӯзи 23 март вориди Кобул шуд. Ӯ қарор аст бо президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ ва рақиби сиёсии ӯ Абдуллоҳ Абдуллоҳ дидору гуфтугӯ кунад.
Баҳси атрофи ин ки чӣ касе барандаи интихоботи президентии тирамоҳи порсол шудаааст, мояи ошуфтагии иловагии сиёсӣ гардид ва ИМА нигарон аст, ки сулҳи бадастомада бо Толибон таҳти хатар қарор мегирад.
Ду ҳафта пеш ҳам Ғанӣ ва ҳам Абдуллоҳ дар маросимҳои ҳамзамоне дар Кобул ба унвони президенти Афғонистон савганд ёд карданд.
Помпео талош мекунад, ки ин ду рақиби сиёсиро ба созиш оварда, ҷараёни музокираҳои Толибон ва ҳукумати Афғонистонро, ки як шарти дигари созиши амрикоиҳо ва шӯришиён мебошад, ба роҳ монад.
Сафари Помпео рӯзе баъди аввалин гуфтугӯи ҳукумати Афғонистон ва Толибон дар заминаи табодули зиндониҳо сурат мегирад. Дар ин бора фиристодаи ИМА барои Афғонистон Залмай Халилзод хабар дод. Музокираи аввалини табодули зиндониҳо рӯзи 22 март ба хотири нигарониҳо аз паҳншавии коронавирус тавассути Скайп баргузор шуд. Он ду соат давом кард ва ИМА дар ин нишасти интернетӣ миёни Афғонистон ва Қатар ба ҳайси миёнҷӣ иштирок кард.
Помпео, ки тавассути саҳифаи Твиттераш ба зарурати иҷрои нақшаи озодкунии зиндониҳо таъкид кард, инчунин гуфт, ки тавсеаи коронавирус аҳамияти иҷрои ин барномаро “боз ҳам оҷилтар мекунад”.
Ин дар ҳолест, ки мақомоти Афғонистон рӯзи 22 март дар бораи нахустин ҳодисаи марг бар асари олудагӣ ба коронавирус хабар доданд. Дар ин кишвар то дирӯз 22 ҳодисаи расман тасдиқшудаи олудагии сокинон ба вируси нав сабт шудааст.
Рӯзи 29 феврал ИМА ба хотири хатми ҷанги 18-сола дар Афғонистон бо Толибон созиши таърихӣ имзо карданд, ки як шарти муҳимаш тарки ин кишвар кардани нирӯҳои хориҷӣ мебошад. Бар асоси ин созиш, агар Толибон мувофиқ бо аҳди дар созишнома зикршуда амал кунанд, ИМА ва НАТО дар мӯҳлати 14 моҳ аз хоки Афғонистон хориҷ мешаванд.
Халилзод гуфт, ки “ҳама ҷонибҳо барои коҳиши хушунат ӯҳдадории қавӣ нишон додаанд, ки ин пешбурди музокироти миёни афғонҳо ва таъмини пурраи оташбас дар кишвар аст”. Халилзод гуфт, ки музокираҳои баъдии миёни афғонҳо дар ду рӯзи баъдӣ барпо мешаванд.