Добавить новость


World News in Tajik


Новости сегодня

Новости от TheMoneytizer

Пирӯзии нирӯҳои озодихоҳ ба бадиву саркӯб. Паёми наврӯзии Трамп

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, дар паёме ҷашни Наврӯзро табрик гуфт ва дар ин паём барои ҳамаи онҳое, ки Наврӯзро таҷлил мекунанд, хушиҳоро орзу кард.


Трамп рӯзи 20-уми март гуфт, ба намояндагӣ аз Иёлоти Муттаҳида, "гармтарин шодбошҳоро барои доштани наврӯзии саршор аз шодӣ ва сулҳ" тақдим мекунад.


Раиси ҷумҳури Амрико таъкид кард, "нерӯҳои раҳоибахш ва озодиталаб ҳамвора ба бадиву саркӯб пирӯз хоҳанд шуд". Вай дар ин паёмаш "ояндаи рӯшантару озодтарро" ба мардуми Эрон ҳам орзу карда, вале дар бораи сирояти коронавирус дар ҷаҳон ва Эрон ишорае накардааст.


Рӯзи ҷумъа шумори мубталоён ба вируси корона дар Эрон аз 19 ҳазор нафар бештар шуд. Гуфта мешавад, 1433 нафар дар Эрон бар асари мубтало шудан ба ин вирус ҷони худро аз даст додаанд.


Раиси ҷумҳурии Амрико дар бахше аз ин паёми худ ба таҳаввулоти як соли гузашта дар Эрон ишора кард ва гуфт, "соли гузашта барои эрониён соли таърихӣ буд. Мо эрониёни шуҷоъ ва далереро дидем, ки гуруҳе аз онҳо дар саросари кишвар ба по хостанд то ба фасоди ҳукуматашон эътироз кунанд ва хостори посухгуии онон бошанд."


Иди байналмилалии Наврӯз ҳар сол 21-уми март таҷлил мешавад, аммо имсол ба далели сирояти коронавирус дар ҷаҳон барномаҳои таҷлил аз он дар аксар кишварҳо бекор карда шудааст.


Тоҷикистон, ки ба гуфтаи мақомот ҳанӯз ҳеч мавриди гирифторӣ ба коронавирусро сабт накардааст, ин идро бо ҳузури зиёди мардум таҷлил мекунад.

Читайте на сайте


Smi24.net — ежеминутные новости с ежедневным архивом. Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. Абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть —онлайн с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии. Smi24.net — живые новости в живом эфире! Быстрый поиск от Smi24.net — это не только возможность первым узнать, но и преимущество сообщить срочные новости мгновенно на любом языке мира и быть услышанным тут же. В любую минуту Вы можете добавить свою новость - здесь.




Новости от наших партнёров в Вашем городе

Ria.city
Музыкальные новости
Новости России
Экология в России и мире
Спорт в России и мире
Moscow.media










Топ новостей на этот час

Rss.plus