Добавить новость
World News in Tajik


Новости сегодня

Новости от TheMoneytizer

“Сомон Эйр” гуфт, мусофирони бандмонда дар Истанбулро меорад

Ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр" эълон кард, ки дар як парвози вижа ё истисноӣ мусофирони бандмонда дар Истанбулро ба Душанбе меорад. Қарор аст, ҳавопаймо соати даҳи шаб ба вақти Туркия аз Истанбул ба самти Душанбе ҳаракат кунад.


Оҷонси авиатсияи граждании Тоҷикистон аз 19-уми март бо мақсади пешгирӣ аз эҳтимоли паҳншавии коронавирус ҳамагуна парвозҳоро аз хориҷ ба Тоҷикистон манъ кард.


Аммо ногаҳонӣ рӯзи 20-уми март ҳавопаймоҳои “Сомон Эйр” ва “Тоҷик Эйр” аз Душанбе ба Маскав ва аз онҷо дубора ба Душанбе парвоз анҷом доданд. Онҳо аз Душанбе ба Русия даҳҳо шаҳрванди ин кишварро бурданд. 


Мақомот гуфтанд, ин парвозҳо бо дастури раиси ҷумҳур ва барои овардани шаҳрвандони Тоҷикистон буд, вале то кунун даҳҳо муҳоҷири тоҷик дар фурудгоҳҳои Маскав банд мондаанд ва маълум нест, сарнавишти онҳо чӣ хоҳад шуд. Онҳо бояд субҳи 19-уми март дар Душанбе фуруд меомаданд, аммо қарори Оҷонси авиатсияи гражданӣ монеи парвозашон шудааст.


Ҳамчунин бархе аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ гуфтаанд, ки наздиконашон билети парвоз аз Маскав ба Душанберо аз ширкати "Сомон Эйр" бо нархи баланд харидаанд. Ширкат ҳанӯз ин масъаларо шарҳ надодааст. 


“Сомон Эйр” бо ёдоварӣ аз қатъи парвозҳои байналмилалиаш аз муштариён хостааст, барои бозпас гирифтани пули билет ё тағйир додани санаи парвоз ба намояндагиҳои ширкат муроҷиат кунанд.


Дар бораи ин мавзуъ бештар дар инҷо хонед: 


Муҳоҷирони бандмондаи тоҷик дар фурудгоҳҳои Маскав. На роҳи рафтан, на ҷойи мондан. ВИДЕО

Читайте на сайте


Smi24.net — ежеминутные новости с ежедневным архивом. Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. Абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть —онлайн с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии. Smi24.net — живые новости в живом эфире! Быстрый поиск от Smi24.net — это не только возможность первым узнать, но и преимущество сообщить срочные новости мгновенно на любом языке мира и быть услышанным тут же. В любую минуту Вы можете добавить свою новость - здесь.




Новости от наших партнёров в Вашем городе

Ria.city
Музыкальные новости
Новости России
Экология в России и мире
Спорт в России и мире
Moscow.media










Топ новостей на этот час

Rss.plus