Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ 11-уми март эълон кард, ки сирояти коронавирус миқёси саросарӣ гирифтааст, яъне пандемия шудааст. То кунун беш аз 150 000 кас дар даҳҳо кишвари ҷаҳон ба ин вирус гирифтор шуда, беш аз панҷ ҳазор нафар ҷон бохтаанд. Дар харита иттилои рӯзи 14 ва субҳи 15 март ворид шудааст.