Бо шиддат гирифтани даъвову баҳс сари чарогоҳҳо ва афзудани норозигии мардуми деҳот, мақомоти Тоҷикистон комиссияи махсусе барои ҳалли ин мушкил таъсис додаанд. Комиссияи ба танзим овардани чарогоҳҳо бояд коре кунад, ки байни мардуми деҳот ва моликони чарогоҳҳо ҷанҷолу кашмакаш сар назанад.