Бо вуҷуди талошҳои мақомоти Тоҷикистон барои хотима додан ба таҳлукаву ҳангома дар бозору мағозаҳо, чунин вазъ рӯзи 5-уми март ҳам идома кард. Зоҳиран даъватҳои пайвастаи мардум ба оромӣ аз тариқи телевизионҳои давлатӣ таъсири зиёд надоштааст, ки мағозаву бозорҳо назар ба рӯзҳои пешин серодам буд.