Қимат шудани хурокворӣ дар Тоҷикистон дар пасманзари воҳимаҳои марбут ба коронавирус хашму ғазаби корбарони шабакаҳои иҷтимоиро ба бор оварда, аксари шарҳнависон тоҷирон ва моликони фурӯшгоҳҳои орду равған ва дигар маҳсулоти ниёз аввалро зери бори надомат гузоштанд, ки гӯё аз нигаронии мардум сӯистифода карда, нархро боло бурданд ва даромади муфт мегиранд.
Бино бар хабарҳо, як ситоди вижае низ таъсис ёфт, ки аз кормандони Хадамоти зиддиинҳисорӣ ва Додситонии кул иборат аст. Қарор аст масъулони ситоди тозтаъсис фурӯшгоҳҳоро назорат кунанд ва нагузоранд нархи маҳсулот ба таври сунъӣ боло бурда шавад.
Дар миён тоҷире аз шаҳри Душнабе, ки як фурӯшгоҳи миёнаи маводи хурокворӣ дорад, бо Радиои Озодӣ дар тамос шуда арз кард, ки нозирон аз ҷумла додситонҳо аз онҳо башиддат талаб доранд, ки нархро боло набаранд. Тоҷире ки нахост номаш бурда шавад гуфт, ӯ ва даҳҳо ҳампешаи дигараш розӣ ҳастанд ки нархро боло набаранд ва бо ҳамон қимате ки маҳсулот то кунун дошт онро фурӯшанд. Аммо ширкатҳои яклухтфурӯш, ба гуфтаи ӯ “фурсатро ғанимат” шумурда, нархро боло бурданд ва чунин фурушандаҳо илоҷе ба ғайр аз итоат кардан надоранд. Ин тоҷир хоҳиш кард, суханонаш ба мардум расонда шаванд.
Нақли тоҷир бидуни таҳрир:
Аксарияти маводи хӯрокворӣ, шустушӯ ва ниёзи рӯзгороро, ки харидори зиёд дорад, дар Тоҷикистон ду ширкат таъмин мекунанд: ҶДММ “Таджеро” ва ҶДММ “Алика”. Ин ду ширкат қариб, ки ҳамаи маҳсулоти пурхаридорро дар ҷумҳурӣ монополия (зери инҳисори худ) даровардаанд.
Ширкати “Таджеро” воридоти чандин анъвои маҳсулоти хушхарид аз ҷумла равғани “Олейна”, “Злата”, нахӯди сабзи “Бондуэль”, майонези “Провонсаль” зери даст дорад ва агар ширкати дигаре ҷуръат кунанд ин маҳсулотро аз хориҷа ворид кунад “миёни ӯро мешикананд”, хулоса намегузоранд.
ҶДММ “Алика” бошад монополисти уребчаҳои “Эви бэйбӣ”, кетчупи “Риква”, “Гулшан”, маводи ороишӣ ва шампунҳои Швартс КопфSchwarzkopf, Хеден Шолдерс, хокаи шустушӯии “Ариэл” аст.
Имрӯз намояндагони тиҷоратии ин ширкатҳои яклухтфурӯши омаданд ва нархи ҳама маҳсулотро аз дирӯз дида гаронтар ба мо пешниҳод доранд.
Масалан равғанҳои 5 литраи “Злата”, “Олейна” 56 сомонӣ буданд, ҳоло онҳо нархашро 60 сомонӣ кардаанд! Ҳамин тавр ҳама маҳслуоти дигарро нархашро боло бурданд. Прокурорҳо аз мо талаб доранд, ки нархро боло набарем! Мо чӣ кор кунем? Танҳо зурашон ба мо мерасад? Агар воқеан мехоҳанд нархҳоро танзим кунанд раванд ҷилави ҳамин ширкатҳои бузургро гиранд!
Аммо намераванд, чун зурашон ба онҳо намерасад! Ёфтанд моро, “боми пастак”-ро. Намедонем чӣ кор кунем, миёни болғаву сандон мондаем...
Аз Идора. Матолибе, ки дар гӯшаи "Блогистон" ба нашр мерасанд, назари муаллифон буда, баёнгари мавқеи Радиои Озодӣ шумурда намешаванд.