Дар натиҷаи бархӯрди қатори роҳи оҳан ба як автобуси мусофирбар дар вилояти Синди Покистон камаш 19 нафар ба ҳалокат расидаанд. Тариқ Колачӣ, як мақоми Идораи роҳи оҳан гуфт, ки фалокат рӯзи 28-уми феврал дар наздикии ноҳияи Роҳрӣ дар 470 километрии шаҳри Карочӣ рух додааст.
Ба гуфтаи ӯ, тамоми мусофирони ҳалокшуда дар қатор будаанд. Панҷоҳу панҷ тани дигар ҷароҳат бардоштаанд. Мақомот гуфтаанд, ки мумкин аст, теъдоди қурбониён бештар шавад, чун вазъи чандин нафари дигар бисёр бад аст. Тариқ Колачӣ гуфт, сабабҳои фалокат маълум нест, аммо афзуд, ки қатори Покистон Экспресс аз Лоҳур ба Карочӣ ҳаракат мекард.