Дастаи «Истиқлол»-и Душанбе дар бозии санҷишӣ дар доираи ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар Анталияи Туркия бар тими «Шахтёр»-и Қарағанда, ки дар Премйер-лигаи Қазоқистон бозӣ мекунад, бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуд.
Бозии санҷишӣ миёни «Истиқлол» ва «Шахтёр» рӯзи шанбеи 22-юми феврал дар майдони футболи маркази варзишии «Папиллон»-и Белек доир гардид. Голи ягонаро ҳамлагар Искандар Ҷалилов дар нимаи дувуми дидор, дар дақиқаи 50-ум, ба ҳадаф расонд.
Дастаи «Истиқлол» бо раҳбарии сармураббӣ Виталий Левченко аввалин бозии санҷиширо дар доираи ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар Анталия ба тими «Чжэтзян Гринтаун» – намояндаи дивизиони аввали қаҳрамонии футболи Чин бо ҳисоби 0:1 бохта буд.
Бояд гуфт, ки бозиҳои санҷишӣ дар Анталия барои “Истиқлол”, қаҳрамони бисёркаратаи Тоҷикистон, як навъ санҷишест пеш аз марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC (Конфедератсиони футболи Осиё)-2020, ки 11-уми март шуруъ мешавад.
“Истиқлол” дар гурӯҳи “D” бо дастаҳои “Олтин Асир”-и Туркманистон, “Дордой”-и Қирғизистон ва ғолиби плей-оффи Ҷоми AFC-2020 миёни бошгоҳҳои “Нефтчӣ”-и Қирғизистон ва “Хуҷанд”-и Тоҷикистон рақобат хоҳад кард.
Бозиҳои санҷишӣ дар Анталияи Туркия
«Истиқлол» (Тоҷикистон) – «Чжэтзян Гринтаун» (Чин) – 0:1
Гол: Дино Ндлову, 45+1.
20-уми феврал. Белек, Туркия.
«Истиқлол» (Тоҷикистон) – «Шахтёр» (Қазоқистон) – 1:0
Гол: Искандар Ҷалилов, 50.
22-юми феврал. Белек, Туркия.