Мы в Telegram
Добавить новость

Драка со стрельбой произошла на юге Москвы

Россиян пригласили до 2 июня сдать накопившуюся мелочь в банки

Минсельхоз распределил поставки сахара в страны ЕАЭС

На «Чернышевской» завершились основные строительные работы

World News in Tajik


Новости сегодня

Новости от TheMoneytizer

HRW гуфт, Далер Шарифов бо иттиҳоми бепоя боздошт шудааст. ВИДЕО

HRW гуфт, Далер Шарифов бо иттиҳоми бепоя боздошт шудааст. ВИДЕО

Созмони дидбони ҳуқуқи башар ё Human Rights Watch бо нашри изҳороте рӯзи 21 феврал гуфт, ки мақомоти Тоҷикистон журналисти маъруфро, “зоҳиран, барои навиштаҳояш боздошт карданд”. Далер Шарифов, ки рӯзи 28 январ дастгир шуд, аз ҷониби мақомот дар  "барангехтани кинаву адовати динӣ" гумонбар шуда бо қарори додгоҳ ба мӯҳлати ду моҳ ба ҳабс гирифта шудааст. Наздикони Далер Шарифов мегӯянд, ки ӯ ҳеҷ гуноҳе накардааст ва зоҳиран китоби навиштааш дар бораи масоили ислом ва терроризм баҳонаи аслии боздошти ӯ шудааст.

“Мақомоти тоҷик дар амри озод кардани Шарифов бояд билофосила иқдом кунанд ва нагузоранд, ки ӯ дар боздоштгоҳ мавриди бадрафторӣ қарор бигирад”, навиштааст Human Rights Watch. Ню Виллиамсон, раҳбари барномаҳои Аврупо ва Осиёи Марказии ин созмон мегӯяд, “Далер Шарифов дар миёни шумори хеле ками журналистони мустақили Тоҷикистон аст, ки озодона назари худро баён мекард”. Ӯ афзуд, “Мақомоти тоҷик бояд билофосила иттиҳомоти сохта нисбати ӯро бекор ва худи ӯро озод кунанд”.

Ин созмон мегӯяд, ки баъди соли 2015 дар Тоҷикистон саркӯби озодиҳои башарӣ мушоҳида шуд ва мақомот, ба навиштаи  Human Rights Watch, “150 нафарро бо иттиҳоме, ки дорои ангезаҳои сиёсӣ мебошанд, зиндонӣ карданд”.

Дар гузашта мақомот ба ингуна интиқодҳои созмонҳои ҳомии ҳуқуқ посух дода гуфтаанд, ки “дар Тоҷикистон ҳеҷ нафаре барои ақидаҳои сиёсӣ зиндонӣ нашудааст” ва онҳое, ки пушти панҷара ҳастанд, “барои нақзи кодекси ҷиноӣ” ҳукм гирифтаанд.

Қаблан дигар созмонҳои ҳомии ҳуқуқ -  Афви Байналмилал,  Ҳамкории Байналмилалӣ Барои Ҳуқуқи Инсон, Кумитаи Норвегии Ҳелсинки, Кумитаи дифоъ аз хабарнигорон ҳам хостори озодии Далер Шарифов шуданд.

Вале дар изҳороти рӯзи 1 феврали додситонии кулли Тоҷикистон, ки баъдан Додгоҳҳои ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва шаҳри Душанбе бо такя ба он ҳукм карданд, гуфта шуд, Шарифов ба нашри "200 матлабу мақола"-и ба қавли мақомот "дорои мазмуну муҳтавои экстремистӣ", ки "ба барангехтани кинаву адовати динӣ-мазҳабӣ ва тарғиби бартарии як қисми шаҳрвандон нисбат ба қисмати дигар аз нигоҳи мансубияти динӣ равона шудаанд", муттаҳам мешавад. Ба гуфтаи додситонӣ, ин мақолаҳо аз соли 2013 то 2019 нашр шудаанд. Кумитаи дини Тоҷикистон ҳам рӯзи 5 феврал гуфт, ки навиштаҳои Шарифов “дар истеҳсоли кумита” қарор доранд ва баъд аз ташхис натиҷаи он гуфта мешавад.

 

Бахтиёр Шарифов: Волидон дирӯз бо Далер дидор карданд

Бахтиёр Шарифов бародари Далер Шарифови 32-сола аст. Дар як тамоси телефонӣ Бахтиёр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дар давоми камтар аз як моҳе, ки Далер дар боздошт аст, волидону ҳамсараш тавонистанд дар маҷмӯъ бо ӯ чор дафъа дидор кунанд. Бори охир, ба гуфтаи Бахтиёр Шарифов, мулоқоти волидон ва ҳамсару фарзанди дусолааш бо Далер рӯзи 21 феврал  дар боздоштгоҳи КДАМ сурат гирифт. Бахтиёр Шарифов гуфт, ки Далер аз чизе шикоят накард, гуфт, ки тафтиш идома дорад. Ба гуфтаи ӯ,  суолҳое, ки муфаттишон медиҳанд, бештар марбут ба китоби навиштаи ӯ мебошад.

Бахтиёр Шарифов гуфт, Далер аз шароити нигаҳдошт ё эҳтимоли бадрафторӣ шикоят накардааст. “Ғизову либосаршро сари вақт мебарем, вале ӯ гуфтааст, ки хеле зиёд наоред, ҳамааш хуб аст”.

Бахтиёр гуфт, ки овозаҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар бораи якбора бад шудани саломатии Далер Шарифов ва гӯё дарди дил шуданаш ҳақиқат надорад.

 

Далер Шарифов як сокини шаҳри Ваҳдат, воқеъ дар шарқи шаҳри Душанбе буда, то чанд соли пеш дар як фурӯшгоҳи марказии китобфурӯшӣ дар Душанбе кор мекард. Вале исми ӯ қабл аз ин ба унвони журналисти ҳафтаномаи “Озодагон” шинохта шуд, ки ба ин ҷо баъди таҷрибаи корӣ дар  телевизиони "Сафина" омад. Ӯро инчунин ҳамчун як блогнавис ва журналисти мустақиле бо назару андешаҳои интиқодӣ мешинохтанд. Оиладор, падари ду фарзанди дусолаву даҳмоҳа аст.

Читайте на 123ru.net


Новости 24/7 DirectAdvert - доход для вашего сайта



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России



Smi24.net — ежеминутные новости с ежедневным архивом. Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "123 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Smi24.net — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net. Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть —онлайн с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии. Smi24.net — живые новости в живом эфире! Быстрый поиск от Smi24.net — это не только возможность первым узнать, но и преимущество сообщить срочные новости мгновенно на любом языке мира и быть услышанным тут же. В любую минуту Вы можете добавить свою новость - здесь.




Новости от наших партнёров в Вашем городе

Ria.city

В Москве произошла стрельба во время массовой драки, двое пострадали

Вирусолог Малинникова развеяла миф о легкой переносимости ОРВИ летом

Минсельхоз распределил поставки сахара в страны ЕАЭС

Россиян пригласили до 2 июня сдать накопившуюся мелочь в банки

Музыкальные новости

«Недоволен и беспокоится»: WSJ узнала о реакции лидера КНР на визит Путина в КНДР

Выездной Фотограф для всех желающих, ну и конечно Артистов и Музыкантов.

«Просто не афиширую»: куда пропала Волочкова с театральной сцены

Азербайджанцев оправдали за убийство спортсмена Евгения Кушнира в Самарской области. Делом заинтересовался глава Следкома РФ А. Бастрыкин

Новости России

Архитектор Алексей Тимофеев заявил, что ИИ помогает в поиске формы

Минсельхоз распределил поставки сахара в страны ЕАЭС

Лакокрасочный завод построят в Богородском округе на земле за 1 рубль

В городском округе Пушкинский продолжает работу «выездная администрация»

Экология в России и мире

Сотрудники отеля Yalta Intourist поздравили ветеранов с Днём Великой Победы

Азербайджанцев оправдали за убийство спортсмена Евгения Кушнира в Самарской области. Делом заинтересовался глава Следкома РФ А. Бастрыкин

"Возрождение интереса к народному искусству и ремеслам в современном мире"

Мистический Тибет: путеводитель по местам силы от Кажетты Ахметжановой

Спорт в России и мире

Даниил Медведев идет третьим в чемпионской гонке ATP, Андрей Рублев — пятый

Касаткина, Андреева и Кудерметова — в тройке лидеров в борьбе за звание лучшей теннисистки

Арина Соболенко сняла траур по Кольцову и завела новые романтические отношения

Теннисиста Медведева выбили из топ-4 ATP

Moscow.media

"Возрождение интереса к народному искусству и ремеслам в современном мире"

Экс-мэра Биробиджана осудили на 5 лет за злоупотребление полномочиями. Условно

Главы МЧС и Минприроды РФ доложили Владимиру Путину о паводковой обстановке в Оренбуржье, Тюменской, Курганской и Омской областях

АО «ДиМ» демонтировало 40% старого путепровода над железнодорожными путями











Топ новостей на этот час

Rss.plus






Научно-практическая конференция для школьников прошла в Воскресенске

Россиян пригласили до 2 июня сдать накопившуюся мелочь в банки

Архитектор Алексей Тимофеев заявил, что ИИ помогает в поиске формы

В Москве произошла стрельба во время массовой драки, двое пострадали