Добавить новость


World News in Tajik


Новости сегодня

Новости от TheMoneytizer

Ҳушдори мақомоти иктишофии ИМА аз дахолати Русия ба интихоботи соли 2020

Мақомоти иктишофии ИМА қонунгузорони амрикоиро ҳушдор доданд, ки Русия бо талоши кӯмак ба президент Доналд Трамп дар интихоботи соли 2020 дахолат мекунад.


Нашрияҳои The New York Times, The Washington Post ва  AP ба таври ҷудогона рӯзи 20 феврал гузориш доданд, ки чунин ҳушдор дар ҷараёни як ҷаласаи пӯшидаи мақомоти иттилоотии Амрико рӯзи 13 феврал садо додааст.


 Онҳо бо такя ба ду мақоми наздик ба нишаст гузориш дода гуфтанд, ки исмашон бояд фош нашавад.  Нашрияи The Times навишт, ки ин ҷаласа хашми Трампро ба бор овард ва гуфт, ки демократҳо метавонанд ин иттилоъро бар зидди ӯ истифода кунанд.


Кремлин дар як изҳороти рӯзи 21 февралаш дахолати Русия ба маъракаи интихоботи соли 2020-ро рад кард.  Сухангӯи Кремлин Дмитрий Песков рӯзи ҷумъа дар сӯҳбат бо журналистон дар Маскав гуфт, ки ҳушдори мақомоти иттилоотии Амрико дурӯғ аст.


“Ин бахше дигар аз гузоришҳои васвосӣ аст, ки ботаассуф мегӯем, бо наздиктар шудани интихобот бештар садо хоҳанд дод”, гуфт Песков. Ӯ афзуд, “ин ҳама гапҳо бо ҳақиқат ҳеҷ умумияте надорад”.


Мутахассисони соҳаи иктишоф дар Амрико ба ин хулоса омаданд, ки соли 2016 дар маъракаи интихоботии президентӣ Русия дахолат карда буд ва ин дахолат аз роҳи маъракасозӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва рахнакунии имейлҳои раҳбарони ҳизби демократ сурат гирифтааст. Ҳадафи ниҳоӣ – таъмини ғалабаи Трамп ва ба ҳам задани талошҳои номзади демократҳо Ҳилларӣ Клинтон буд.  


Он замон Трамп ин хулосаҳоро як “дурӯғ” номид. Ӯ инчунин иттиҳомоти инро, ки дар маъракаи интихоботӣ  аъзои тимаш ҳамроҳ бо бархе шахсиятҳои Русия ҳамкорӣ кардаанд, қотеона рад карда буд.


The Times гузориш дод, ки дар нишасти ахири Конгресс дар Вашингтон муттафиқони Трамп ҳушдорҳои амниятиро ба чолиш кашида гуфтаанд, ки президент бо Русия қотеона рафтор мекунад.


Дар  як ҷаласаи Маҷлиси намояндагони Амрико оғози моҳи феврал раҳбари Бюрои федеролии тафтишот Кристофер Врей дар баробари Кумитаи додгустарӣ гуфт, ки дар пешорӯи интихоботи моҳи ноябр Маскав бо  истифода аз шабакаҳои иҷтимоӣ дар “ҷанги иттилоотӣ” иштирок мекунад. Ба гуфтаи ӯ, ҳадаф тафриқаандозӣ дар ҷомеаи Амрико ва эҷоди ихтилоф аст.

Читайте на сайте


Smi24.net — ежеминутные новости с ежедневным архивом. Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. Абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть —онлайн с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии. Smi24.net — живые новости в живом эфире! Быстрый поиск от Smi24.net — это не только возможность первым узнать, но и преимущество сообщить срочные новости мгновенно на любом языке мира и быть услышанным тут же. В любую минуту Вы можете добавить свою новость - здесь.




Новости от наших партнёров в Вашем городе

Ria.city
Музыкальные новости
Новости России
Экология в России и мире
Спорт в России и мире
Moscow.media










Топ новостей на этот час

Rss.plus