Добавить новость
World News in Tajik


Новости сегодня

Новости от TheMoneytizer

Вокуниши ҲСДТ ба пуштибонии Паймони миллӣ ва "Гурӯҳи 24"

Яке аз раҳбарони Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон (ҲСДТ) мегӯяд, даъвати созмонҳои мухолифи ҳукумат дар хориҷа барои пуштибонӣ аз ин ҳизб ва номздаҳояш дар интихоботи 1-уми март "ҳеч рабте ба онҳо надорад".


Дар даҳ рӯзи ахир "Гурӯҳи 24" ва Паймони миллии Тоҷикистон, ду созмони мухолифи ҳукумат дар хориҷа, ки фаъолияташон дар ҳудуди Тоҷикистон мамнуъст, ҳимояти худро аз ҲСДТ ва номзадҳояш дар интихоботи порлумонӣ эълон карданд. Онҳо дар баёнияҳои ҷудогона аз ҷонибдорони худ ва мардум хостанд, ки аз ин ҳизб ҳимоят кунанд. 


Шокирҷон Ҳакимов, муовини аввали раиси ҲСДТ ва номзади ин ҳизб дар интихобот, рӯзи 21-уми феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳама гуна изҳороти созмонҳо "ақидаи худи онҳо буда, набояд ҳеч кас гумон кунад, ки гӯиё мо ягон созиш ё қарордоди ҳамкорӣ дорем ва ягон иртибот дорем".


Изҳороти "Гурӯҳи 24" рӯзи 10-уми феврал ва изҳороти Паймони миллии Тоҷикистон, ки ташаккули иборат аз маҷмӯи созмонҳои мухолифи ҳукумат аст, рӯзи 20-уми феврал нашр шуд. 


Ин паймон дар изҳороташ гуфтааст, ҲСДТ "ягона ҳизби оппозитсионии расмӣ дар дохили кишвар аст, ки намояндагони он дар порлумони ҷадид метавонанд садои ҳар як интихобкунанда бошанд ва дар назди қонун ва мардум ҳисобот диҳанд".


Созмони дигари дар Тоҷикистон мамнӯи "Гурӯҳи 24" бо пахши изҳороте аз мардум хост, ки дар интихоботи порлумонии 1 март аз сотсиал-демократҳо ҳимоят кунанд.


ҲСДТ бо панҷ номзад вориди сабқати интихоботӣ шудааст. Ин ҳизб дар интихоботҳои гузашта низ иштирок карда, вале то ин дам вориди порлумон нашудааст. Мақомот мегӯянд, ҳизби сотсиал-демократ ҷонибдорони кам дорад, вале масъулони ҳизб бовар доранд, овози тарафдорони онҳо "дуздида шудааст".  


Дар Тоҷикистон ҳафт ҳизби сиёсӣ амал мекунад, ки ба андешаи таҳлилгарон, аз миёни онҳо ҲСДТ ҳизби мустақил буда, дигарон ҳамсангари ҳизби ҳокими халқии демократӣ ба раҳбарии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мебошанд. 


Баъд аз интихоботи порлумонии соли 2015 дар Тоҷикистон ҳизби наҳзати исломӣ, ки то он замон дар порлумон ду намоянда дошт, мамнӯъ ва террористӣ эълон шуд. Раҳбарияти ҳизб дар хориҷа иттиҳомоти мақомот ва ҳукми Додгоҳи олиро ҳамчун талоши аз саҳнаи сиёсӣ берун кардани ҳизби мухолифи пуртарафдор рад кардаанд.

Читайте на сайте


Smi24.net — ежеминутные новости с ежедневным архивом. Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. Абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть —онлайн с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии. Smi24.net — живые новости в живом эфире! Быстрый поиск от Smi24.net — это не только возможность первым узнать, но и преимущество сообщить срочные новости мгновенно на любом языке мира и быть услышанным тут же. В любую минуту Вы можете добавить свою новость - здесь.




Новости от наших партнёров в Вашем городе

Ria.city
Музыкальные новости
Новости России
Экология в России и мире
Спорт в России и мире
Moscow.media










Топ новостей на этот час

Rss.plus