Додгоҳи баррасии шикоятҳои Сеул президенти пешини Кореяи Ҷанубӣ Лӣ Мён Бакро бо ҷурми фасодкорӣ 17 сол зиндонӣ кард. Сиёсатмадори 78-солаи кориягӣ дар гирифтани ришва ва дуздии пулҳои буҷа айбдор дониста шуд.
Вай пештар дар доираи ин парванда 15 сол зиндонӣ шуда буд, вале ба иллати вазъи бади сиҳатӣ бар ивази гаравпулӣ озод гашт.
Лӣ Куриёи Ҷанубиро солҳои 2008 - 2013 раҳбарӣ карда, севумин президенти ин кишвар аст, ки ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида мешавад. Додгоҳ гуфт, Лӣ ҳангоми президентияш амалан соҳиби ширкатҳое буда, ки ба номи бародараш сабт шуда, қисмҳои эҳтиётии мошин истеҳсол мекардаанд. Ӯ дар рушди тиҷорати худ аз мақомаш низ истифода кардааст.
Айбдоркунандаи давлатӣ барои Лӣ 23 соли зиндон талаб карда буд. Сиёсатмадор айбҳои эъломшударо рад мекунад. Ҳоло ӯ аз озодӣ бар ивази гаравпулӣ дубора ба зиндон интиқол дода шуд. Ҳамтои пешини ӯ Но Му Хён баъди як соли истеъфо додан ва айбдор шуданаш ба фасодкорӣ худкушӣ кард. Президенти пешини Кореяи Ҷанубӣ баъд аз Лӣ - Пак Кин Хе низ бо ҷурми фасод дар зиндон аст.