Муовини аввали вазири умури дохилии Қазоқистон мегӯяд, баъди беназмиҳо дар ноҳияи Кордайи вилояти Ҷамбил наздики 90 парвандаи ҷиноӣ боз шуд. Чанд парвандаи ҷиноии дигар дар робита ба итоат накардан ба корманди милиса, латукӯби солхӯрдаҳо ва дигар қонуншиканӣ боз шудааст.
"Ҳамарӯза шумораи парвандаҳо афзоиш меёбад, зеро ҳолатҳои нав ошкор мешавад",-гуфт Кожаев. Вай афзуд, "садҳо одам" бозпурсӣ шудааст ва шумори умумии боздоштшудаҳо дертар хабар дода мешавад.
Мақомоти Қазоқистон пештар аз ин хабар дода буданд, ки дар робита ба ҳаводиси рӯзҳои 7-8 феврал дар ноҳияи Кордай 25 парвандаи ҷиноӣ боз карданд. Ҳаводиси 7 феврали деҳаҳои ноҳияи Кордай мақомоти ин кишварро водор ба эъломи ҳолати фавқулодда дар ин ноҳия кард.
Мақомот мегӯянд, ҳаводисе, ки ба эҳтимоли зиёд дар пайи "низои маишӣ" сар зад, рӯзи ҷумъаи 7 феврал шуруъ шуд ва дар деҳаҳои ноҳияи Кордай паҳн гардид. Бино бар нақли сокинон, он шаб садҳо марди ғайри маҳаллӣ ба деҳоте, ки аксари сокинонаш дунгантаборон ҳастанд, омада, ба латту кӯби бошандагон ва оташ додани хонаҳову мағозаҳо ва мошинҳо шуруъ карданд.
Дар натиҷаи ин занозанӣ 11 кас кушта ва садҳо нафар бо шумули 17 корманди пулис захмӣ шуданд.