Дастаи “Хуҷанд”-и шаҳри Хуҷанд, ноиби қаҳрамони Тоҷикистон, бо раҳбарии сармураббӣ Никола Лазаревич, мутахассиси сербиягӣ, дар бозии аввали плей-оффи Ҷоми AFC (Конфедератсиони футболи Осиё)-2020 аз бошгоҳи “Нефтчӣ”, барандаи Ҷоми Қирғизистон, бо ҳисоби 0:1 мағлуб шуд.
Бозии аввали плей-оффи Ҷоми AFC-2020 миёни дастаҳои “Нефтчӣ”-и Қочқор-Ота ва “Хуҷанд”-и Хуҷанд имрӯз, 19-уми феврал, дар варзишгоҳи “Қурмонбек”-и шаҳри Ҷалолободи Қирғизистон доир гардид. Голи ягонаро Александр Игнатенко дар нимаи дувуми дидор, дар дақиқаи 51-ум, ба самар расонид.
Бозии аввали плей-оффи Ҷоми AFC-2020 миёни “Нефтчӣ” ва “Хуҷанд”-ро ҳакамон аз Кореяи Ҷанубӣ бо сарварии довари FIFA Чае Санг-Ҳёп баҳогузорӣ карданд.
Бозии ҷавобии плей-оффи Ҷоми AFC-2020 миёни дастаҳои “Хуҷанд” ва “Нефтчӣ” 26-уми феврал дар Варзишгоҳи марказии Душанбе соати 16:00 оғоз меёбад. Ҳакамони бозии ҷавобӣ аз Урдун мебошанд. Довари FIFA Аҳмад Файсал Муҳаммад Ал-Алӣ сардовари ин бозӣ таъйин шудааст.
Дастаи ғолиб аз рӯи натиҷагирии ду бозӣ миёни “Нефтчӣ” ва “Хуҷанд” муайян шуда, ба марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC-2020 роҳ меёбад ва дар гурӯҳи “D” бо бошгоҳҳои “Истиқлол” (Тоҷикистон), “Олтин Асир” (Туркманистон) ва “Дордой” (Қирғизистон) бозӣ хоҳад кард.
Ҷоми АFC-2020
Минтақаи Марказӣ
Плей-офф. Бозии аввал
«Нефтчӣ» (Қирғизистон) – «Хуҷанд» (Тоҷикистон) – 1:0
Гол: Александр Игнатенко, 51
Сардовар: Чае Санг-Ҳёп (Кореяи Ҷанубӣ)
19-уми феврал, Ҷалолобод, варзишгоҳи «Қурмонбек»
Плей-офф. Бозии ҷавобӣ
26-уми феврал (чоршанбе)
Оғози бозӣ – соати 16:00
«Хуҷанд» (Тоҷикистон) – «Нефтчӣ» (Қирғизистон)
Сардовар: Аҳмад Файсал Муҳаммад Ал-Алӣ (Урдун).
Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ