Як мансабдори баландпояи амрикоӣ гуфтааст, Иёлоти Муттаҳида ва ҷунбиши Толибон ба сари “кам кардани хушунатҳо” ба муддати як ҳафта дар Афғонистон ба тавофуқ расидаанд.
Ин мансабдор, ки нахост номаш ошкор шавад, рӯзи 14-уми феврал дар ҳошияи нишасти амниятӣ дар Мюнхен ба хабарнигорон гуфт, “созиш метавонад хеле зуд иҷро шавад”.
Мавзӯи тавофуқ ба сари коҳиши танишҳо пас аз дидори Майк Помпео – вазири корҳои хориҷӣ ва Марк Эспер – вазири дифои Амрико бо Ашраф Ғанӣ – раиси ҷумҳури Афғонистон дар ҳошияи конфронси амниятии Мюнхен матраҳ шуд. Залмай Халилзод, намояндаи хоси Амрико дар музокирот бо Толибон низ дар ин нишаст ҳузур дошт.
Доналд Трамп, президенти Амрико, мегӯяд, тайи ҳафтаҳои оянда масъалаи тавофуқи пурра бо Толибон мушаххас хоҳад шуд.
Мансабдори амрикоӣ дар Мюнхен гуфтааст, гурӯҳи Толибон вазифадор шудааст, аз ҳамлаҳои канори роҳ, бомбгузории маргталабона ва ҳамчунин ҳамлаҳои мушакӣ худдорӣ варзад. Вай, инчунин, таъкид кард, ин тавофуқ “бисёр хос” буда, ҳамаи кишвар, аз ҷумла нерӯҳои афғонро дар бар мегирад.
Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, рӯзи ҷумъа гуфт, фикр мекунад “имконияти хубе” барои даст ёфтан ба як созиш бо Толибон то поёни моҳи феврал вуҷуд дорад.
Як манбаи огоҳ низ рӯзи гузашта ба хабаргузории “Рейтерс” гуфта буд, “Амрико ва Толибон эҳтимол то поёни моҳи феврал созишномаро имзо хоҳанд кард”.
“Рейтерс” навишт, дастёбӣ ба тавофуқи байни Амрико ва Толибон дар Қатар, метавонад роҳи берун рафтани нерӯҳои амрикоиро аз Афғонистон ҳамвор кунад.
Нерӯҳои амрикоӣ ва муттаҳидонаш соли 2001 бо мақсади сарнагун кардани Толибон ва аз байн бурдани “Ал-Қоида”, ба Афғонистон ҳамла карданд.
Дар он замон Толибон дар Афғонистон ҳукумат мекарданд ва Усома бин Лодин ва раҳбарони дигари “Ал-Қоида”, ки ҳамлаҳои террористии 11-уми сентябрро тарҳрезӣ карда буданд, дар Афғонистон паноҳ бурда буданд.
Мақомҳои ҳукуматии Афғонистон мегӯянд, гурӯҳи Толибон дар ҳоли ҳозир ҳудуди 40 дарсад аз қаламрави ин кишварро зери назорат доранд.
Президенти Амрико Доналд Трамп хоҳони хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон ва поён додан ба ҷанги 19-сола аст.