Марҳилаи пешакии Ҷоми ФФТ (Федератсияи футболи Тоҷикистон) дар минтақаи Душанбе ба анҷом расид. Аз рӯи натиҷагирии се даври бозиҳо чаҳор даста - «Истиқлол», «Локомотив-Помир», ССКА «Помир» ва «Душанбе-83» - ба марҳилаи ниҳоии мусобиқа роҳ пайдо карданд.
Дар даври ниҳоӣ дар гурӯҳи «А» дастаи «Истиқлол»-и Душанбе бар «Кӯктош»-и Рӯдакӣ бо ҳисоби 1:0 ва «Локомотив-Помир»-и Душанбе бар «Шоҳмансур»-и Душанбе бо ҳисоби 12:0 ғолиб шуданд.
Дар гурӯҳи «Б» дастаи «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода бар ССКА «Помир»-и Душанбе бо ҳисоби 3:2 ғолиб омад. Вале ба иллати дар дастаи «Регар-ТадАЗ» бозӣ кардани бозигари барои ду корти зард хориҷшуда (Акбар Бобомуродов), ки хилофи дастури Ҷоми ФФТ мебошад, ССКА «Помир» бо натиҷаи фаннии 3:0 ғолиб дониста шуд.
Дар бозии дигари ин гурӯҳ «Душанбе-83» дастаи «Ваҳдат»-и Ваҳдатро бо ҳисоби 10:0 шикаст дод ва ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми ФФТ-2020 роҳ ёфт.
Ҷоми ФФТ-2020
Марҳилаи пешакӣ. Минтақаи Душанбе
Гурӯҳи «А». Даври 3-юм
«Локомотив-Помир» – «Шоҳмансур» – 12:0
Голҳо: Шоҳрух Сангов, 5 (1:0). Муҳаммад Гулназарзода, 9 (2:0). Эмомалӣ Аҳмадхон, 14 (3:0). Эмомалӣ Аҳмадхон, 25 (4:0). Ислом Зоиров, 27 (5:0). Муҳаммад Гулназарзода, 41 (6:0). Муҳаммад Гулназарзода, 42 (7:0). Анӯшервон Мӯсоев, 72 (8:0). Муҳаммад Гулназарзода, 74 (9:0). Муҳаммад Саломзода, 75 (10:0). Азизбек Ҳасанов, 76 (11:0). Исроил Холов, 86 (12:0).
8-уми феврал. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 100 тамошобин.
«Истиқлол» – «Кӯктош» – 1:0
Гол: Шаҳбоз Эркинов, 71.
8-уми феврал. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 165 тамошобин.
Ҷ
ДАСТАҲО
Б
Ғ
М
Б
Т
И
1
«Истиқлол»
3
3
0
0
18-0
9
2
«Локомотив-Помир»
3
2
0
1
14-5
6
3
«Кӯктош»
3
1
0
2
9-4
3
4
«Шоҳмансур»
3
0
0
3
1-33
0
Гурӯҳи «Б». Даври 3-юм
«Ваҳдат» – «Душанбе-83» – 0:10
Голҳо: Самариддин Расулов, 30 (0:1). Элчибек Рашидбеков, 35 (0:2). Фарҳод Қосимов, 47 (0:3). Элчибек Рашидбеков, 56 (0:4). Идрис Амину, 57 (0:5). Далер Ризоев, 59 (0:6). Идрис Амину, 67 (0:7). Далер Ризоев, 73 (0:8). Эймос Бабу, 83 (0:9). Далер Ризоев, 89 (0:10).
9-уми феврал. Ҳисор. Варзишгоҳи марказӣ. 50 тамошобин.
ССКА «Помир» – «Регар-ТадАЗ» – 3:0 (натиҷаи фаннӣ)
Ҷ
ДАСТАҲО
Б
Ғ
М
Б
Т
И
1
ССКА «Помир»
3
3
0
0
12-0
9
2
«Душанбе-83»
3
1
1
1
11-4
4
3
«Регар-ТадАЗ»
3
1
1
1
7-4
4
4
«Ваҳдат»
3
0
0
3
0-22
0