Бо гумони паҳнсозии иттилои бардурӯғ дар бораи коронавирус дар вилояти Алматои Қазоқистон 3 кас боздошт шуд. Дар ин бора мақомоти пулиси он кишвар рӯзи 30-юми январ хабар доданд.
Яке аз гумонбарон дар бемористони марказии ноҳияи Енбекшиқазоқ ба ҳайси табиб кор мекунад. Ба иттилои пулис, табиби 40-сола, ки аз вай шаҳрванд А. ном бурда мешавад, дар шабакаҳои иҷтимоӣ бардурӯғ навиштааст, ки "дар вилояти Алмато 70 кас мубталои вируси нав шудааст". Пулис дар робита ба ин ҳодиса бо моддаи "Паҳнсозии иттилои бармало носаҳеҳ" парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.
Мақомот ҳамчунин аз боздошти ду ронандаи мошини "Ёрии таъҷилӣ" хабар доданд. Ин ронандагон низ дар паҳнсозии иттилои носаҳеҳ дар бораи вируси нав гумонбар мешаванд. Пулис мегӯяд, ронандагон тавассути паёмрасони WhatsApp хабар додаанд, ки дар Капшагай ду бемор бо нишонаҳои гирифторӣ ба вируси нав бистарӣ шудааст.
Ин дар ҳолест, ки Елжан Биртанов, вазири тандурустии Қазоқистон рӯзи 30 январ гуфт, дар бемористонҳои ин кишвар 38 тан бо гумони гирифторӣ ба вируси нав бистарӣ шудааст.
Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (СҶТ) ба иллати паҳншавии коронавирус ба хориҷ аз Чин ҳолати изтирории байналмилалӣ эълом кард.
Шумори онҳое, ки ба ин вирус дар хориҷ аз Чин гирифтор шудаанд, ба 100 нафар расид. Вируси мазкур аллакай дар 18 кишвар ошкор гашта, дар худи Чин то 30 январ ҳудуди 8 ҳазор одам ба он гирифтор шуданд ва 170 кас ҷон бохтанд. Вазъи 1370 кас вахим арзёбӣ мешавад. Беш аз 12 ҳазори дигар бо гумони мубталоӣ ба коронавирус таҳти назоратанд.