Хуруҷи коронавируси 2019-nCoV, ки ҳанӯз дар моҳи декабр сабт шуда буд, тамоми 31 минтақаи Чинро фаро гирифт.
Бино ба хабарҳои субҳи 30 январ, аз коронавирус 170 кас фавтидааст. 128 тани дигар шифо ёфта, қариб 82 ҳазор кас табобат мегиранд. Шумори умумии мубталоён ба 7711 нафар расид.
Дар Тайван, Ҳонконг ва Макао 25 ҳолати дигари мубталошавӣ тасдиқ гардид. Дар кишварҳои дигар дар маҷмуъ дар ҷисми 75 кас ин вирус ошкор шудааст.
Созмони ҷаҳонии тандурустӣ хуруҷи вирусро барои Чин ҳолати фавқулода эътироф, аммо аз эъломи ҳолати фавқулодаи байналхалқӣ худдорӣ кард.
Эҳтимол меравад, ки вирус моҳи гузашта дар яке аз бозорҳои ҳайвонот дар Вуҳон пайдо шудааст. Бештари ҳолатҳои маргу мир аз вирус ба шаҳри Вуҳони Чин рост меояд. Айни ҳол шаҳри Вуҳон ва вилояти Хубэй, ки маркази маъмурияш Вуҳон аст, амалан дар муҳосира қарор дорад.
Австралия, Куриёи Ҷанубӣ, Сингапур ва Зеландияи Нав шаҳрвандони аз Чин баргаштаро ҳадди ақал ду ҳафта дар алоҳидагӣ нигаҳ хоҳанд дошт.
Эътилофи футболи Чин аз бекорсозии ҳамаи бозиҳо, чи дар дохили кишвар ва чи дар хориҷ аз он, хабар дод.