Юсуф Раҳмон, Додситони кулли Тоҷикистон барои панҷ соли дигар дар ин мақом кор мекунад. Рӯзи 24-уми январ Маҷлиси Миллӣ, палатаи болои порлумони Тоҷикистон барои панҷ соли дигар боқӣ мондани Юсуф Раҳмон дар мақоми Додистони кулли Тоҷикистон, ризоят дод.
Мувофиқи қонунгузории Тоҷикистон, Додситони кулл танҳо бо ризоияти аъзои Маҷлиси Миллӣ таъйин карда мешавад. Номзадии Юсуф Раҳмонро дар порлумон ба ҳайси Додситони кулл, Зариф Ализода, ёрдамчии раиси ҷумҳур дар масъалаҳои ҳуқуқӣ, муаррифӣ кард.
Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси Миллӣ зимни тасдиқи номзадии Юсуф Раҳмон гуфт, ки аз кори панҷсолаи ӯ ба ҳайси додситон розӣ аст, вале аз ӯ хост, ки дар тақвияти фаъолияти низоми додситонии Тоҷикистон талоши бештар кунад. Аз ҷумла, Убайдлуллое ва аз ӯ хост, ки мубориза бо фасод дар кишварро сахттар кунад, чун Тоҷикистон дар гурӯҳи 30 кишваре шомил мебошад, ки сатҳи фасод дар он боло мебошад.
Юсуф Раҳмон моҳи январи соли 2015 ба мансаби Додситони кулли Тоҷикистон таъйин шуд. Дар замони раҳбарии ӯ, бо пешниҳоди Додситонии кулл, Ҳизби наҳзати исломӣ, яке аз ҳизбҳои умдаи мухолиф дар кишвар мамнуъ ва террористӣ эълон шуд. Ҳарчанд раҳбарони ҳизб дар хориҷ ин қарорро намепазиранд ва онро беасос мешуморанд.
Инчунин, баъзе аз рӯзноманигорон мегӯянд, дар давраи раёсати панҷсолаи Юсуф Раҳмон гирифтани иттилоъ аз Додситонии кул мушкил шуд. Юсуф Раҳмон дар чанд ҷаласаи созмонҳои ҳомии ҳуқуқ ҳайати Тоҷикистонро роҳбарӣ кардааст.