Добавить новость


World News in Tajik


Новости сегодня

Новости от TheMoneytizer

Иҷозаи кор ба 4 корманди Радиои Озодӣ баъд аз муроҷиатҳои батакрор

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон баъд аз муроҷиатҳо ва пойфишориҳои пайваста ба чаҳор хабарнигор ва корманди фаннии Радиои Озодӣ барои ним сол аккредитатсия ё парвонаи кор дод. Ин дар ҳолест, ки бар асоси муқаррарот дар Тоҷикистон аккредитатсия ба хабарнигорони доимӣ барои 1 сол дода мешавад.


Мақомоти вазорат рӯзи 21-уми январ гуфтанд, Барот Юсуфӣ (Бароталӣ Назаров), Орзуи Карим (Орзу Бедимоғов), Абдуғанӣ Баротов ва Салоҳиддин Мирзоев то 21-уми июни имсол ҳаққи кор кардан доранд. Ҳоло 7 корманди дигари Радиои Озодӣ дар Душанбе ва минтақаҳои дигари кишвар аз ҳаққи кор маҳруманд. 


Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон рӯзи 26-уми июни соли гузашта парвонаи кори Барот Юсуфиро, ки муҳлати анҷомшавиаш то моҳи апрели соли 2020 буд, бозхонд кард. ​


Раҳбарияти Радиои Озодӣ аз мақомоти Тоҷикистон хостааст, ки ба ҳамаи кормандони Радиои Озодӣ аккредитатсия дода шавад, то онҳо битавонанд, вазифаҳои худро анҷом диҳанд. 


Дидбони Ҳуқуқи Башар (Human Rights Watch), созмони муътабари ҳомии ҳуқуқ, рӯзи 14-уми январ ҳукумати Тоҷикистонро барои маҳдуд кардани озодии баён ва маҳрум кардани дастрасӣ аз манобеи хабарӣ танқид кард. Созмон дар гузорише навишт, "Радиои Озодӣ аз моҳи октябр... зери фишори зиёд қарор гирифт."


Радиои Озодӣ яке аз чанд расонаи ангуштшуморе дар Тоҷикистон аст, ки ахбори дуруст ва бетарафона нашр мекунад ва бинандаву хонандаи зиёде дорад. Вебсайти Радиои Озодӣ аз вебсайтҳои асосии хабарӣ ва пурхонанда дар Тоҷикистон аст. Канали Радиои Озодӣ дар Ютуб бо тақрибан 900 ҳазор пайрав маҳбубтарин канал дар кишвар ба ҳисоб меравад.

Читайте на сайте


Smi24.net — ежеминутные новости с ежедневным архивом. Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. Абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть —онлайн с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии. Smi24.net — живые новости в живом эфире! Быстрый поиск от Smi24.net — это не только возможность первым узнать, но и преимущество сообщить срочные новости мгновенно на любом языке мира и быть услышанным тут же. В любую минуту Вы можете добавить свою новость - здесь.




Новости от наших партнёров в Вашем городе

Ria.city
Музыкальные новости
Новости России
Экология в России и мире
Спорт в России и мире
Moscow.media










Топ новостей на этот час

Rss.plus