Добавить новость
World News in Tajik


Новости сегодня

Новости от TheMoneytizer

"Истиқлол" дар Тошканд "Локомотив"-ро шикаст дод

Дастаи «Истиқлол»-и Душанбе дар бозии марҳилаи муқаддамотии Лигаи қаҳрамонҳои AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2020 бар тими мизбон - «Локомотив»-и Тошканд -бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуд.


Бозии «Локомотив», ноиби қаҳрамони Узбекистон, бо «Истиқлол», қаҳрамони Тоҷикистон, имрӯз, 21-уми январ, дар варзишгоҳи “Локомотив”-и Тошканд доир гардид.


Дар ин бозӣ ҳарчанд мизбонон барои голзанӣ имконияти бештар доштанд, вале корашон барор нагирифт. Меҳмонон, ки аслан ҳуҷумҳои ҷавобӣ мекарданд, дар нимаи дувуми бозӣ муваффақ шуданд. Голи ягонаро дар дақиқаи 60-уми дидор капитан ё сартими “Истиқлол” Алишер Ҷалилов ба самар расонид. Ӯ тӯбро аз масофаи дур, тахминан 25 метр, бо зарбаи сахту нишонрас ба дарвозаи мизбонон ворид намуд. 


Ин бозиро гурӯҳи ҳакамон аз Лубнон бо сарварии Ҳусейн Абу Яҳё доварӣ карданд. Бояд гуфт, ки садҳо мухлис аз Душанбе ва вилояти Суғд барои тамошои ин бозӣ ва дастгирии “Истиқлол” ба Тошканд рафтанд ва аз пирӯзии қаҳрамони Тоҷикистон хеле хушҳол шуданд.


Ба ин тартиб, «Истиқлол» бо раҳбарии сармураббӣ Мубин Эргашев дар плей-оффи Лигаи қаҳрамонҳои AFC-2020 рӯзи 28-уми январ дар меҳмонӣ бо бошгоҳи "Ал-Аҳлӣ" аз Арабистони Саудӣ барои ба марҳилаи гурӯҳии мусобиқа роҳ пайдо кардан талош меварзад.


Агар «Истиқлол» ба марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC-2020 роҳ пайдо кунад, онгоҳ ҷоизадори биринҷии қаҳрамонии Тоҷикистон - «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода - дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC-2020 иштирок хоҳад кард.


Лигаи қаҳрамонҳои АFC-2020


Минтақаи ғарбӣ


Марҳилаи муқаддамотӣ


21-уми январ (сешанбе)


«Локомотив» (Узбекистон) – «Истиқлол» (Тоҷикистон) – 0:1


Гол: Адишер Ҷалилов, 60


Сардовар: Ҳусейн Абу Яҳё (Лубнон).


Кӯмакдоварон: Самир Бадр, Рабӣ Умайрат (ҳарду аз Лубнон).


Довари эҳтиётӣ: Алӣ Ризо (Лубнон).


Нозири доварон: Аҳмад Яъқуб Муҳаммад Ҷумъа (Имороти Муттаҳидаи Арабӣ).


Комиссари бозӣ: Асеп Сапутра (Индонезия).


Тошканд, варзишгоҳи «Локомотив»


Ҷои зикр аст, ки дастаи “Истиқлол” соли гузашта дар бозии марҳилаи дувуми муқаддамотии Лигаи қаҳрамонҳои AFC-2019 аз тими мизбон – АГМК-и Олмалиқ, барандаи Ҷоми Узбекистон, бо ҳисоби 2:4 шикаст хӯрда, аз ҳаққи мубориза ба сабқати гурӯҳӣ маҳрум шуда буд.


Шоҳиди ҳодисае шудед, ё аксу видеое доред, лутфан, ба ин шумораҳо ва ба воситаи Вотсап, Вайбер, Телеграм ва ё ИМО бифристед: (+420) 607 900 808; (+420) 724 056 681; (+420) 724 053 959; (+992) 980 15 10 10

Читайте на сайте


Smi24.net — ежеминутные новости с ежедневным архивом. Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. Абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть —онлайн с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии. Smi24.net — живые новости в живом эфире! Быстрый поиск от Smi24.net — это не только возможность первым узнать, но и преимущество сообщить срочные новости мгновенно на любом языке мира и быть услышанным тут же. В любую минуту Вы можете добавить свою новость - здесь.




Новости от наших партнёров в Вашем городе

Ria.city
Музыкальные новости
Новости России
Экология в России и мире
Спорт в России и мире
Moscow.media










Топ новостей на этот час

Rss.plus