Добавить новость
World News in Tajik


Новости сегодня

Новости от TheMoneytizer

Ҳалокати 11 муҳоҷир дар сӯхтори як бино дар Томски Русия

Дар натиҷаи оташсӯзӣ дар як хона дар вилояти Томски Русия, ки тоҷикон ҳам онҷо иҷора менишастаанд, 11 нафар ҷон бохтаанд ва 2 тани дигар маҷрӯҳ шудаанд. Қаблан гузориш шуда буд, ки дар ин оташсӯзӣ 10 нафар ба ҳалокат расидаанд. Мақомоти тоҷик мегӯянд, ки дар миёни ҳалокшудагон шаҳрвандони Тоҷикистон нестанд.


Вазорати ҳолатҳои фавқуллодаи Русия гуфт, ки ҳодиса шаб ва дар рустои Прихулимский дар ноҳияи Асиновский рух додааст. Оташсӯзӣ дар хонаи чӯбин 208 метри мураббаъро фаро гирифтааст ва боми хона ҳам фӯру рафтааст.


Хабаргузории русии ТАСС хабар додааст, ки то расидани воҳидҳои кӯмакрасони Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Русия, хона комилан ба коми оташ рафтааст. Ин хабаргузорӣ менависад, ки танҳо ду нафар аз ин оташсӯзӣ наҷот ёфтаанд. Ба гуфтаи мақомот, хонаро як ширкати чинӣ иҷора медодааст ва дар он шаҳрвандони Чин, Тоҷикистон ва Узбекистон зиндагӣ мекарданд.


Консулгарии Узбекистон дар шаҳри Новосибирск ба хабаргузории "Интерфакс" гуфтааст, ки 5 нафар аз қурбониёни фоҷиа муҳоҷирони узбек будаанд. Аммо хабаргузории ТАСС дар охирин хабари худ аз ҳодисаи Томск гуфтааст, аз миёни 11 нафар ҳалокшудагон, 10 нафарашон шаҳрвандони Узбекистон будаанд.


Консулгарии Тоҷикистон дар шаҳри Новосибирск мегӯяд, дар миёни ҳалокшудагони оташсӯзии шаби гузашта дар шаҳри Томск, шаҳрвандони Тоҷикистон нестанд.


Фирдавс Сангинов, як масъули консулгарии Тоҷикистон дар шаҳри Новосибиск рӯзи 21-уми январ дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, бо мақомоти ҳолатҳои фавқуллодаи Томск сӯҳбат доштанд ва маълум шуд, ки дар миёни ҳалокшудагони оташсӯзӣ тоҷикон нестанд.


Дар робита ба ҳодиса парванда боз кардаанд ва таҳқиқ идома дорад. Сабабҳои ҳодиса то ба ҳол эълон нашудааст.


Дар ҳоле ки таҳқиқи ҳодиса ва сабабҳои сӯхтор оғоз шудааст, гуфта мешавад, шароити номуносиби зисти муҳоҷирони корӣ дар Русия ва риоя нашудани меъёрҳои бехатарӣ бисёр вақт боис ба сар задаи фоҷиа мешавад.


Ин барои бори дувум аст, ки давоми моҳи ҷорӣ муҳоҷирон дар Русия тӯъмаи оташсӯзӣ мешавад. Рӯзи 7-уми январ дар як иқоматгоҳи муваққатии муҳоҷирон дар деҳаи Нестеровои ноҳияи Раменское дар вилояти Маскав оташсӯзӣ рух дод, ки дар он муҳоҷирони ветнамӣ ҷон бохтанд. Дар гузашта муҳоҷирони тоҷик низ дар чандин сӯхтор дар Русия ҷони худро аз даст дода буданд.


Дар Русия миллионҳо муҳоҷири хориҷӣ, аз ҷумла як миллион муҳоҷири тоҷик кору зиндагӣ мекунанд, вале бо сабаби сангинии харҷи зист ва будубоши қонунӣ, бисёре аз онҳо барои зиндагӣ дар шароити сахттарин ва бо қимати камтар розӣ мешаванд.

Читайте на сайте


Smi24.net — ежеминутные новости с ежедневным архивом. Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. Абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть —онлайн с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии. Smi24.net — живые новости в живом эфире! Быстрый поиск от Smi24.net — это не только возможность первым узнать, но и преимущество сообщить срочные новости мгновенно на любом языке мира и быть услышанным тут же. В любую минуту Вы можете добавить свою новость - здесь.




Новости от наших партнёров в Вашем городе

Ria.city
Музыкальные новости
Новости России
Экология в России и мире
Спорт в России и мире
Moscow.media










Топ новостей на этот час

Rss.plus