Раҳбари ҳаракати "Умут-2020" Ширин Айтматова бо нашри як муроҷиатномаи видеоӣ ба номи президенти Қирғизистон Сооронбой Ҷеенбеков гуфт, ҷонибдоронаш зери таъқиб қарор доранд.
"Ҳаракати "Умут-2020" бидуни ягон ангезаи сиёсӣ чеҳраи дуздҳоро ошкор мекунад. Дар давоми моҳҳои ахир бо дастгирии давлат таъқиби ҷонибдорони мо шуруъ шудааст. Ҷонибдорони моро боздошт, таъқиб ё талош мекунанд, амволашонро ғасби рейдерӣ кунанд. Шумо дар оғози коратон ба ҳайси президент ва ахиран дар нишасти хабарӣ масъулияти мубориза бо ғоратгарон ва ҳимояти озодии баёнро бар зимма гирифтед. Вале вазъ дар кишвар тамоман ранги дигар гирифта, то рафт бадтар мешавад",-изҳор дошт ӯ дар хитоб ба президенти Қирғизистон.
Айтматова аз президенти Сооронбой Ҷеенбеков хост, барои баррасии таъқибҳои сиёсӣ ва фишор ба расонаҳо дар Қирғизистон ӯро ба ҳузур пазирад. Дастгоҳи президенти Қирғизистон то ҳол муроҷиатномаи Айтматоваро шарҳ надодааст.
Вакили пешини порлумони Қирғизистон Ширин Айтматова ҳаракати "Умут-2020"-ро соли 2019 таъсис дода, ҳадафи асосии худро мубориза бо коррупсия дар он кишвар номид.