Эрон тасдиқ кард, ки ҷаъба ё қуттии сиёҳи ҳавопаймои украиниро, ки аз тарафи нирӯҳои Сипоҳи посдорони инқилоб сарнагун карда шуд, ба Киев хоҳад фиристод.
Ҳасан Ризоифар, раиси гуруҳи таҳқиқотии идораи ҳавонавардии Эрон, рӯзи 18-уми январ ба хабаргузории "Тасним" гуфтааст, мутолиаи иттилооти сабтшуда дар қуттии сиёҳ дар Эрон мумкин набудааст.
Ба гуфтаи Ризоифар, мутахассисони амрикоӣ, фаронсавӣ ва канадаӣ рӯйи он кор хоҳанд кард. Дар сурате ки талошҳои ин мутахассисон муваффақона набошад, қуттии сиёҳро ба Фаронса мефиристанд.
Пештар коршиноси украинӣ Александр Рувин гуфта буд, ки кор рӯйи қуттии сиёҳи ҳавопаймо рӯзи 20-уми январ оғоз мешавад.
Субҳи 8-уми январ Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон ҳавопаймои украиниро пас аз чанд лаҳзаи аз замин ба ҳаво хестан сарнагун кард.
Ҳукумати Эрон гуфт, ин кор нохоста шудааст ва як хатои инсонист. Вале ин рӯйдод дар дохил ва хориҷи Эрон норозиятҳои зиёдеро ба бор овард. Дар ҳоле ки мақомоти Эрон се рӯз ин ҳодисаро садамаи ҳавопаймо тавсиф мекарданд ва дар бораи сарнагун карда шудани он ҳарфе намегуфтанд.