Мы в Telegram
Добавить новость

92-летний красногорец стал участником марафона скандинавской ходьбы

АКРА подтвердило наивысший кредитный рейтинг Москвы

Положительная динамика наблюдается в базовых отраслях экономики Орехово-Зуева

Открытый футбольный турнир «Удар в девятку» прошел в Ленинском округе



World News in Tajik


Новости сегодня

Новости от TheMoneytizer

90 соли Лайло Шарифӣ -- “Уқоб”-и эстрадаи тоҷик. ВИДЕО

90 соли Лайло Шарифӣ -- “Уқоб”-и эстрадаи тоҷик. ВИДЕО

Дар як бинои хиштӣ дар маркази шаҳри Дюсселдорфи Олмон, овозхони машҳури Тоҷикистон Лайло Шарифӣ (Шарифова) 90-солагии худро пешвоз мегирад. Ӯ яке аз поягузорони гурӯҳи ҳунарии "Гулшан" аст ва беш аз 30 боз дар Олмон зиндагӣ мекунад. 

Лайло Шарифӣ бо ин ки аз ҳунару заҳмат ва нақшаш дар ташаккули мусиқии замонавии Тоҷикистону Узбекистон ва Озарбойҷони Шӯравӣ меболад, ҳасрати амиқе ҳам солҳои охир аз қалбаш берун намешавад. Мегӯяд, агар мароми зиндагӣ ва таҳаввулоти сиёсӣ дигар буд, шояд ҳеҷ гоҳ Эрони азизашро тарк намекард. Зиндагии худро ба оворае мемонад, ки саргузаштҳои онро дар як достоне 15 соли пеш рӯйи коғаз овардааст.

Мегӯяд, аз дидори меҳмон, бахусус азизони тоҷикистонӣ шод мешавад, вале айни замон онҳоеро, ки самимият надоранду солҳо суроғаш намекунанд, хуш надорад.

Лайло Шарифӣ арӯси ҷавони як низомии артиши Муҳаммамад Ризошоҳ буд, ки баъди кудатои нофарҷоми нахуствазир Муҳаммад Мусаддиқ  маҷбур шуд ҳамроҳ бо ҳамсари чапгарояш дар Тоҷикистони Шӯравӣ паноҳ барад. Зани ҷавон он замон шояд дуруст дарк намекард, ки бо ҳамин пояш аз ватан кандаву муҳоҷир, вале ифтихори ҳунару фарҳанги Тоҷикистон мешавад.  

                   Таваллуд дар ҳавопаймо

Лайло Шарифӣ саргузашти таваллуди худро, ки аз қиссаҳои волидон ёд дорад, бо лабханд ба ёд меорад. Ба гуфтааш, дар хонаводаи падари турки зодаи Измир ва модари эронии озарбойҷонӣ чашм ба дунё кушодааст. Падараш то солҳои 1933, ба гуфтааш, як тоҷир буд ва ин пешааш ӯро то ба Озарбойҷони шӯравӣ ҳам бурдааст.

«Он замон маризхонаҳои шӯравӣ хуб набуданд. Чун дар Озарбойҷон мавзеи зоймон (таваллудхона) хуб набуд, падарам гуфт дар Маскав таваллуд кунад. Модарамро бурданд ба Маскав, вале дар Маскав намонданд, ки таваллуд кунад. Гуфтанд, як моҳ зуд шудааст. Модарам баргашт ба Боку. Вақте мехост баргардад, дар ҳавопаймо ман таваллуд шудам. Байни Маскав ва Озарбойҷон ман дар дохили ҳавопаймо таваллуд шудам. Он ҷо як швейсаре пайдо шуд, нофамро буриданд. Мардуми ҳавопаймо либосҳояшонро болои ман гузоштанд, ки ман сармо нахӯрам (механдад). Оварданд ба Боку, вале модарам асабонӣ шуд ва гуфт, ки дӯст надорам, ки ӯ шиносномаи Озарбойҷонро дошта бошад. Гуфт,  “ин чӣ мамлакат аст, ки бемористони хуб надорад. Нависед, ки дар Маскав таваллуд шудааст”. Ҳамин тавр ҳам карданд”. Он рӯз 28 январи соли 1930 буд.

Мегӯяд, баъди ин ба Машҳади Эрон баргаштанд ва ӯ ҳам дар он ҷо бузург шуда, дар мактаб таҳсил кард. Баъди муддати кӯтоҳе ва саркӯбҳои чапгароҳои ҷонибдори нахуствазири миллихоҳ шавҳари, ба қавли ӯ, “мусаддиқиаш” ҳамроҳи ӯ дар нимаи дуюми солҳои 1950-ум Эронро тарк кард. Ҷуфти ҷавон дар Иттиҳоди Шӯравӣ паноҳандаи сиёсӣ шуданд.

 “Хуш омадед ба Шӯравӣ” ва “пардаи оҳании” марз бо Эрон

Лайло Шарифӣ мегӯяд, ки баъди муддате пазируфта шудан дар Иттиҳоди Шӯравӣ иртиботи онҳо бо ватан ва наздикон дар Эрон қатъ шуд. Ба гуфтааш, ба ҳамаи муҳоҷирони эронӣ рӯшан гуфта шуд, ки Иттиҳоди Шӯравӣ дар марзҳояш бо Эрон “пардаи оҳанӣ дорад, чунки давлати шӯравӣ хеле ҷавон аст, душман дорад, мумкин аст хиёнат шавад” ва ба ҳамин хотир сафари онҳо ва пазироии меҳмонҳои эронӣ манъ аст. Ӯ аз  мулоқоти  намояндаи ҳукумат бо гурӯҳи форсизабонҳои муҳоҷир чунин ёдовар шуд:

“Як профессор буд, омад, гуфт, “ба Иттиҳоди Шӯравӣ хуш омадед. Гӯш кунед ҳарфҳои маро. Аввал ин ки мо як чиз аз шумо мегирем, вале чизҳои дигаре ба шумо медиҳем”. Мо ба ҳам ҳайрон нигоҳ мекардем.  “Гуфт,  дарси русӣ биравед, меравед сари кор. Кор, ки меравед, ҳуқуқ (маош) мегиред. Ҳуқуқ, ки гирифтед, бо ҳамун зиндагӣ кунед. Бар иваз мо ба шумо чӣ медиҳем? Хонаи хеле арзон медиҳем, духтур бепул аст, даво пул намехоҳад, бача дошта бошед, парваришгоҳ пул намехоҳад, автобус пул намехоҳад”. Мо тааҷҷуб кардем. Вале дидем, ки ҳамааш рост буд. Дар шӯравӣ зиндагиву кор кардам ва ман воқеан ҳам дидам, ки он состсиализме, ки онҳо гузошта буданд, ҳақиқӣ буд”.

Лайло Шарифӣ, ки таҳаввулоти Тоҷикистонро дар охири солҳои 1950-ум ҳамчун давраи сохтмонҳои азиму ташаккулёбии ҳунари мусиқии операву симфония тасвир кард, дар солҳои аввал барои кор ба ҳайси нотиқи барномаҳои форсии радиои давлатӣ ба кор даъват шуд. Ба гуфтааш, ҳамон давра буд, ки оҳангсоз Фазлиддин Шаҳобов ба ӯ машварат дод, ки аз паи дарси мусиқиву овоз шавад. Ӯ мегӯяд, "чун аз хурдӣ садои хуб доштаму мехондам, ба шӯъбаи мусиқии донишгоҳ рафтам”. Бо ҳамин, ба гуфтааш, аз паи ҳунару овозхонӣ шуд.

Танҳо баъди ҳафт соли муҳоҷир шуданаш ба Тоҷикистон иҷоза пайдо кард, ки ба Боку рафта бо модар мулоқот кунад ва мукотибаи онҳо бо Эрон барпо шавад. Аммо дигар ҳеҷ гоҳ ба Эрон нарафт. Дар Эрон, ба гуфтааш, ду хоҳару бародараш ҳам монда буданд, ки аз онҳо то имрӯз танҳо як хоҳар зинда аст, ки дар Амрико зиндагӣ мекунад.

Меҳрубонии тоҷикон, маҳалгароӣ ва тарки Шӯравӣ

Вале  ҳамкорони тоҷикистонии Лайло Шарифӣ мегӯянд, мусиқии муосири тоҷик он замон аз як овозхони эронӣ хеле бурд кард, чун ҳунарманде бо симои зебои шарқиву адои ғарбӣ ва нафаре бозавқу истеъдод, донандаи осори адибони гузаштаи форсу тоҷик ва мусиқии касбӣ буд ва дар тақдим аз ҳунармандони маҳаллӣ тафовут дошт.

Аз ҷумла, Тамара Катаева, барандаи озмуни овозхонҳои ансамбли тозатаъсиси “Гулшан” дар соли 1969 мегӯяд, вақте ба ин дастаи ҳунарӣ ба кор пазируфта шуд, Лайло Шарифӣ аллакай ситора ва устоди ҳунар буд. Катаева, ки тобистони соли 2019 аз Ню-Йорк рафта дар Дюсселдорф дар хонаи устодаш бо ӯ мулоқот кард, мегӯяд, дар саҳнаи бисёр муҳофизакору қолабии Тоҷикистони шӯравӣ дидани ҳунари “як зани зебову хушқадду қомат, саломат, боҳуш ва меҳрубону ғамхор” хеле шод шуд.

Ӯ мегӯяд,  вақте бори аввал ҳунарнамоии Лайло Шарифиро шоҳид шуд, дид, ки “он кас на фақат як сароянда, балки ҳамчун як ҳунарпеша мазмуни оҳангро ба тамошобин пешкаш мекарданд. Ман маҳорати он касро дида ҳайрон шуда будам. Он кас таронаро эҳсос карда, ҳамон эҳсосро ба шунавандаи худ тақдим мекарданд”.

Таронаҳои “Муҳаббат”, “Ошиқ будам, Лайлӣ” ва дигарҳо то ҳол маъруфанду аз ҷониби овозхонҳои имрӯз иҷро мешаванд. Худи Лайло Шарифӣ мегӯяд, бо шоиру оҳангсозони маҳаллӣ, мисли Ансорӣ, Турсунзода, Деҳотӣ ҳамкорӣ дошт.

Айни замон, ба гуфтааш, дар Тоҷикистони солҳои 1970-ум шоҳиди мушкилоти мисли маҳалгароӣ ҳам шуд ва  аз дӯстон шунид, ки ҳамин масъала  “сабаби тарки Тоҷикистон кардани Лоҳутӣ шуд”. Гоҳо худи ӯ бо мақомдороне бархурд кардааст, ки сурудани таронаҳои эрониву афғониро манъ мекарданд, “мехостанд, ки тоҷикӣ хонам”, “сензура мекарданд”. Мегӯяд, замони зиндагиву кор дар Тоҷикистон ба Узбекистон ҳам мерафт ва зери раҳбарии Мутаваккил Бурҳонов он ҷо ҳам ҳунарнамоӣ кард. Мегӯяд, шароити кору ҳунар дар Тошканд хеле созгор буд. Мегӯяд, вақте шавҳарашро ба кор дар Боку даъват карданду он ҷо кӯчиданд, дар Озарбойҷон шоҳиди “миллатгароӣ” шуд, вале “ба шакли дигар”.

Ӯ мегӯяд, дар Боку соли 1982 шавҳараш бар асари саратон даргузашт ва соли 1985 тасмим гирифт бо даъвати дустону ҳунармандони эронӣ ба Олмон кӯч бандад. Баъди се соли зиндагӣ дар Берлин ба Дюсселдорф кӯчид, аз ҷо истода барномаҳои ҳунарии худро идома дод, бо овозхонҳои эронии мисли Ҳоидаву Шаҷариён ҳамкорӣ кард. 

                  “Бадтарин мараз танҳоӣ аст”

Аз ӯ пурсидем, агар зиндагӣ шонси наве барои таваллуди дубора медод, зиндагиашро чӣ гуна месохт, гуфт: “Шояд ҳеҷ гоҳ аз Эрон хориҷ намешудам. Инсон бояд он ҷое, ки ватан меҳисобад, он ҷо зиндагӣ бикунаду он ҷо бимирад. Ҷоҳои дигар, ҳарчи бошад, муҳоҷир аст, бегона аст”.  Мегӯяд, ҳасрати дурӣ аз дидори азизон дар он давра ва ба вижа даҳсолаҳои охир дар дили ӯ беасар намонд.

“Ман фикр мекунам бадтарин мараз  танҳоӣ аст. Дар бораи танҳоӣ зиёд навиштаам. Ҳоло ман зани танҳо ҳастам. Ҳамаро аз даст додам, ҳеҷ касе надорам. Такку танҳо дар Дюсселдорф зиндагӣ мекунам. Як духтар дорам, вале ӯ номеҳрубон баромад. Ман ба ӯ хеле хидмат кардам. Мегӯянд, вақте одам зарба мехӯрад, аз наздиктарин одамҳо зарба мехӯрад. Иртиботе ҳам надорем”.

Лайло Шарифӣ мегӯяд, зери назари духтур ҳамеша дар хона аст. Шурӯъ аз солҳои 2000-ум ба эҷоди шеъру асар рӯ овард ва дар ин солҳо китобҳои ашъори худро бо номи “Хони хирад”, “Қиссаи дил”, ”Гулҳои рангоранг”, “Арҷи модар” ва ҳам достони “Сарнавишти се насли овора” нашр кард. Асари охираш, ба гуфтаи ӯ, аз “иҷтимоъ ва дарди мардум” қисса мекунад. Дарде, ки ҳеҷ гоҳ худи ӯро тарк накарда буд.

Овозхони маъруф гуфт, як орзу дорад, ки барои мардуми Тоҷикистон ду наққошии азими худро тақдим кунад, ки бо ранги равғанӣ аз ҷониби наққошони касбӣ кашида шудаанд ва умедвор аст, ки рӯзе дар гӯшаи як осорхонаи фарҳангии Тоҷикистон ҷой шаванд, то мардуми тоҷик дар бораи заҳмату хидматҳои ӯ огаҳ шаванд.

Лайло Шарифӣ чанд пора аз намунаҳои осори худро тақдими хонандагони Радиои Озодӣ кард:

Афсурдаеро пурсиданд: “Чаро афсурдаӣ?”

Гуфт “танҳоям”.

Гуфтанд: “Чаро танҳоӣ?”

Гуфт: “Зеро ҷолиб нестам”.

Гуфтанд: “Чаро ҷолиб нестӣ?”.

Гуфт: “Чун ҳама чизро аз даст додаам”.

Гуфтанд: “Чиро аз даст додӣ?”.

Гуфт: “Ватанамро, ҷавониамро, қудратамро, дӯстонамро, падару модарамро, наздиконамро. Ҳамаро аз даст додам”.

Гуфт: “Куҷо аз даст додӣ?”

Гуфт: “Дар хумори зиндагӣ”.

Гуфт: “Ҳоло чӣ кор мекунӣ?”

Гуфт: “Ҳоло мунтазири дӯстам ҳастам”.

Гуфт: “Дӯстат кист?”

Гуфт: “Марги ҷовидон”.

                          . . .

Қатраи ашкам, ки аз чашми фалак уфтодаам,

Зери пояш гавҳари танҳову так уфтодаам.

Дар гузаргоҳи замону дар масири зиндагӣ

Ҳамчу гардонам, ки гӯё дар алак афтодаам.

Маро чӣ бок адӯро – Худо паноҳи ман аст,

Ҳазор синаи мардум паноҳгоҳи ман аст.

Дигар марон сухан аз сарвати сулаймонӣ,

Ки қалби мардуми дунё мақому ҷоҳи ман аст.

Фитодаанд рақибон ба хидмати шоҳон

Манам ғуломи муҳаббат, тарона – шоҳи ман аст.

Агар хазинаи гуҳар набошад ҳам, чӣ аҷаб,

Ҳазор гуҳари рангин ба ҳар нигоҳи ман аст.

Ба симу зар надиҳам ман мақоми шеъру ғазал,

Мақому шеъру ғазал чунки қиблагоҳи ман аст.

Маро таронаву шеърам ҳамеша мунис буд,

Ҷисми хаста бишуд ҷон, худо гувоҳи ман аст.

Буро, ҳасуд, ки роҳат риёву тадвир аст,

Вафо ба ишқу садоқат шиори роҳи ман аст.

Даруни тира чӣ донад мақоми Лайлоро?

Уқоби кӯҳиаму кӯҳ боргоҳи ман аст.​

Читайте на 123ru.net


Новости 24/7 DirectAdvert - доход для вашего сайта



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России



Smi24.net — ежеминутные новости с ежедневным архивом. Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "123 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Smi24.net — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net. Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть —онлайн с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии. Smi24.net — живые новости в живом эфире! Быстрый поиск от Smi24.net — это не только возможность первым узнать, но и преимущество сообщить срочные новости мгновенно на любом языке мира и быть услышанным тут же. В любую минуту Вы можете добавить свою новость - здесь.




Новости от наших партнёров в Вашем городе

Ria.city

Казанскую икону Божией Матери встретили нижегородские православные

"Резкого изменения внешнего политического курса мы не увидим". Эксперты о судьбе Ирана после гибели Раиси

Паралимпиец из Звенигорода примет участие в международных соревнованиях

Бонгонда: стадион и база «Спартака» — мои любимые места в Москве

Музыкальные новости

В Росгвардии стартовал чемпионат по боксу «Кубок Победы»

Футболисты ФК «Динамо Пушкино» заняли второе место в межрегиональном турнире Laffy Cup 2024

Белоусов собирает новую команду в Минобороны: Ждать ли возвращения Суровикина?

Применим ли ЦФА для венчура в России?

Новости России

Свыше 600 навалов мусора устранили в Подмосковье за неделю

"Резкого изменения внешнего политического курса мы не увидим". Эксперты о судьбе Ирана после гибели Раиси

Дипломатическая битва космического масштаба // Как Россия и США продвигали в ООН конкурирующие резолюции по оружию в космосе

Казанскую икону Божией Матери встретили нижегородские православные

Экология в России и мире

Почему употребляющим алкоголь и желающим похудеть надо каждый день пить томатный сок: раскрыта его невероятная польза

Светлые оттенки весенней моды: стильные идеи для женщин в возрасте

Создание Сайтов. Создание веб сайта. Создание сайта html. Создание сайтов цена. Создание и продвижение сайтов. Создание сайта с нуля. Создание интернет сайта.

Осторожно ВПЧ! Доктор Кутушов рассказал от чего появляются папилломы на теле

Спорт в России и мире

Экс‑теннисистка Джорджи обвиняется в краже мебели и ковров на €100 тысяч — СМИ

Даниил Медведев идет третьим в чемпионской гонке ATP, Андрей Рублев — пятый

Касаткина, Андреева и Кудерметова — в тройке лидеров в борьбе за звание лучшей теннисистки

Путинцева вернулась после 0:6 и одержала важную победу

Moscow.media

Сотрудник Дубненского отдела вневедомственной охраны Главного управления Росгвардии по Московской области встретился с учащимися МОУ СОШ №1

Новые наушники Nothing Ear и Ear (a) уже доступны

В РМАТ ПРОШЕЛ I БИЗНЕС-ФОРУМ ВЫПУСКНИКОВ РМАТ 1999-2023 ГОДА ВЫПУСКА, ПОСВЯЩЕННЫЙ 55-ЛЕТНЕМУ ЮБИЛЕЮ АКАДЕМИИ

Сон











Топ новостей на этот час

Rss.plus






"Резкого изменения внешнего политического курса мы не увидим". Эксперты о судьбе Ирана после гибели Раиси

В Москве произошла драка с участием 15 человек, двое в больнице

Бонгонда: стадион и база «Спартака» — мои любимые места в Москве

Блинкен заявил, что народ Ирана выиграл от гибели президента Раиси