Мы в Telegram
Добавить новость

Работа наземного городского транспорта изменится в шести округах столицы

Собственные очистные сооружения ИЖС-кластер «Дмитров-Дом» достроят к концу года

Свыше 10 зданий отремонтируют на севере города в рамках II этапа модернизации поликлиник

«Пластиковый дождь» накрыл Новосибирск после пожара на мусорном полигоне



World News in Tajik


Новости сегодня

Новости от TheMoneytizer

Ҳаммолони тоҷик аз "ҳақситонӣ" дар "Фуд Сити"-и Маскав шикоят доранд

Ҳаммолони тоҷик аз

Баъзе аз муҳоҷирони кории тоҷик дар бозори "Фуд Сити"-и канори Маскав ба Радиои Озодӣ шикоят карданд, ки гуруҳи иборат аз тақрибан 15 зодаи Душанбе ҳар рӯз аз онҳо бе сабаб 400-рублӣ "ҳақ" меситонанд. Муҳоҷирон мегӯянд, онҳо дар "Фуд Сити" ҳаммолӣ ва аробакашӣ мекунанд.

Ба иддаои муҳоҷирон, гуруҳи "ҳақситон"-ро Шаҳбоз ва Атохоҷа Нозимовҳо – фарзандони овозхони зиндаёд Зафар Нозимов – роҳбарӣ мекунанд ва онҳо зери назорати низомиёни гуруҳи "Витязь" ҳастанд. Шаҳбоз Нозимов рӯзи 2-юми январ дар суҳбати телефонӣ ба Радиои Озодӣ инро "туҳмат" номид. 

Дастикам 4 муҳоҷири кории тоҷик дар маркази "Фуд Сити" гуфтанд, дар сурати напардохтани "ҳақ", онҳоро гуруҳи "Витязь" 5 ҳазор рубл ҷарима мебандад ё дар рӯйхати сиёҳ ворид мекунад. "Дар он сурат аз ҳаққи ворид шудан ба ҳудуди бозор ва аз ҷойи кор маҳрум мешавед," -- нақл кард яке аз муҳоҷирон.

Муҳоҷирон мегӯянд, ҳолатҳое ҳам шудааст, ки посбонони "Виятзь" ҳаммолони тоҷикро барои сарпечӣ аз пардохти пул латту кӯб кардаанд.

"Аз русҳову озариҳо пул намегиранд"

Яке аз онҳо гуфт, ин вазъият аз замони таъсиси "Фуд Сити" дар соли 2016 идома дорад, аммо он замон "ҳақ"-и ин гуруҳ 300 рубл буд ва ҳоло то 400 рубл боло рафтааст. "Дар ин марказ русҳову озариҳо, арманиҳо ва қирғизҳо низ ҳастанд. Аммо гуруҳ танҳо аз боркашонҳои тоҷику узбек 400-рублӣ "ҳақ" меситонанд. Ҳол он ки патент дорем ва ҳар моҳ пулашро медиҳем," – шикоят кард кард яке аз муҳоҷирон.

Ҳаммолони тоҷик мегӯянд, "ҳақ"-ро дар як утоқи корӣ зердастони бародарон Нозимовҳо аз онҳо меситонанд ва дар иваз "чек" медиҳанд. "Агар бокашонеро бе ҳамин "чек" диданд, зуд ба гуруҳи "Витязь" хабар медиҳанд," -- шиква кард боркаши дигари тоҷик.

Муҳоҷирон мегӯянд, корашон хеле сахт аст, аммо бар илова зери фишори ин гуруҳи ба гуфтаи онҳо "зургӯ" қарор гирифтаанд: "Аз соати 4-и субҳ ба кор меоем, назди мошинҳои калон меистем ва мепурсем, ки ҳаммол даркор аст ё не? Агар киро карданд, як мошин борро бар ивази 2-3 ҳазор рубл мефарорем ва ё бор мекунем. Ба замми кори пурмашаққат аз мо "ҳақ" меситонанд, ки дардовар аст." 

Ба гуфтаи ҳамсуҳбатони Радиои Озодӣ, "ин гуруҳ аз ҳаммолон рӯзе 400 рубл, аз аробакашҳо 650 рубл ва аз занони тоҷике, ки дар дӯкони озарбойҷониҳо меваҳои пӯсидаро аз сиҳат ҷудо мекунанд, 200-рублӣ мегирифтаанд." Ҳол он ки, ба гуфтаи занони муҳоҷир, музди кори яксоатаи онҳо, дар беҳтарин ҳолат, ҳамагӣ 150 рубл аст.  

Чанд хато дар санад

Мусоҳибони Радиои Озодӣ акси яке аз чунин "чек"-ҳоро низ фиристоданд, ки дар он тамғае ба муҳр монанд гузошта ва дар миёнааш "подсобник" навишта шудааст. Унвони "чек" бо забони русӣ "Иҷозатнома ба корҳои дастёрӣ" ва пур аз хатоҳои имлоиву орфографӣ аст, ки ба қавли муҳоҷирон аз худсохт будани он дарак медиҳад. 

Аммо Шаҳбоз Нозимов, ки муҳоҷирон аз ӯ ба унвони роҳбари афроди "пулситон" ном мебаранд, рӯзи 2-юми январ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "ин иддао дар ҳаққи ман туҳмат аст."

Ӯ гуфт, солҳо боз дар маркази “Фуд Сити” тиҷорат мекунад, аммо ба пулситонӣ аз муҳоҷирони аробакаш ва боркашон ягон иртибот надорад. "Аввал ин ки дар корҳои пулҷамъкунӣ ягон дахл надорем. Маъмурияти бозор онҳоро (манзур ҳаммолон ва аробакашон) бо ҷойи кор таъмин мекунанд, шароит фароҳам меоранд ва пули иҷора мегиранд. Боркашонҳо худашон бурда, дар хазинаи бозор месупоранд ва дар иваз “чек” мегиранд. Ин ба мо дахл надорад,” – афзуд ӯ.

Нозимов гуфт, доим муҳоҷиронро ташвиқ мекунад, ки аробакашиву боркашонӣ ва кӯчарубиро бас кунанд ва ба тиҷорат рӯ биоранд: "Мо ҳеч гоҳ барои пул обрӯ ва иззатамонро намефурӯшем. Лекин маъмурияти бозор пул мегирад. Гуруҳҳои бахил, дӯсту душман зиёд аст, лекин давлат бесоҳиб нест, ки як нафар хезаду аз пеши худ пул ҷамъ кунад."

"Касе аз муҳоҷирон пул намеситонад"

Дар ҳамин ҳол, дар маркази тамоси маркази "Фуд Сити" ба Радиои Озодӣ гуфтанд, "касе аз муҳоҷирони кории тоҷик пул намеситонад."

Ходими маркази тамос гуфт, дафтари матбуоти бозор дар ин бора маълумоти бештар медиҳад, аммо то замони нашри матлаб маъмурияти бозор дар ин робита шарҳе надод.

Каромат Шарипов, роҳбари ҳаракати “Муҳоҷирони кории тоҷик” ки ду сол пеш аз Русия ихроҷ шудаст, мегӯяд, як сабаби аз Маскав ронда шудани ӯ ҳам маҳз “эътирозҳояш ба зидди гурӯҳҳое буд, ки дар бозорҳо аз ҳаммолони тоҷик пул меситониданд”.

Шарипов гуфт, айни гуруҳҳо дар бозорҳои дигари Маскав, аз ҷумла дар миёни таксиронҳо амал мекунанд.

Дар сафорати Тоҷикистон дар Маскав гуфтанд, аз муҳоҷирон ба ин мазмун то кунун шикоят нагирифтаанд, аммо агар муҳоҷирон ба онҳо арз кунанд ва гуфтаашон собит шавад, барои чораандешӣ ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия муроҷиат хоҳанд кард.

"Фуд Сити" як маркази бузурги умдафурӯшии маводи ғизоӣ дар канори шаҳри Маскав аст, ки ҳудуди 138 гектарро дар бар мегирад. Дар ин марказ садҳо муҳоҷири кории тоҷик ба ҳайси фурӯшанда ва аксаран ба ҳайси ҳаммол ва аробакаш кор мекунанд. Ба гуфтаи ҳамсуҳбатони мо дар ин марказ аз 3 то 3,5 ҳазор тоҷик машғули коранд.  

Шоҳиди ҳодисае шудед, ё аксе видеое доред, лутфан, ба ин шумораҳо ва ба воситаи Вотсап, Вайбер, Телеграм ва ё ИМО бифристед: (+420) 607 900 808; (+420) 724 056 681; (+420) 724 053 959; (+992) 980 15 10 10

Читайте на 123ru.net


Новости 24/7 DirectAdvert - доход для вашего сайта



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России



Smi24.net — ежеминутные новости с ежедневным архивом. Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "123 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Smi24.net — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net. Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть —онлайн с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии. Smi24.net — живые новости в живом эфире! Быстрый поиск от Smi24.net — это не только возможность первым узнать, но и преимущество сообщить срочные новости мгновенно на любом языке мира и быть услышанным тут же. В любую минуту Вы можете добавить свою новость - здесь.




Новости от наших партнёров в Вашем городе

Ria.city

В Туле суд выпустил на свободу кавказца, который вместе с братом избил девушку

В. Путин выразил надежду на то, что экс-министр энергетики Н. Шульгинов поможет назначенному С. Цивилеву

Ставка на качество: вопросы технологической безопасности приобретают первостепенное значение

Центр Московского долголетия поможет пенсионерам оформить субсидии и льготы на оплату ЖКУ

Музыкальные новости

RPG Battle of Souls доступна в Google Play 2 стран

Фестивальный праздник «Музыка моего города» в Улан-Удэ включил в программу спектакль Театра кукол «Ульгэр»: Россия и Культура, Праздник и Дети

В Бурятии театр готовит премьеру о войне СССР и Монголии с Японией: Россия, Культура, Победа

Серебряный Кубок завоевали на всероссийских соревнованиях юные футболисты Бердска

Новости России

Дружба с Львом Яшиным, головокружительная карьера и яркие романы футболиста Франца Беккенбауэра

Из Красноярска добавят еще один рейс в Москву

В Туле суд выпустил на свободу кавказца, который вместе с братом избил девушку

Синоптики спрогнозировали в Москве до +20 градусов и небольшой дождь 16 мая

Экология в России и мире

Новая попытка азербайджанских вандалов исламизировать армянское культурное наследие в оккупированном Шуши

Фестивальный праздник «Музыка моего города» в Улан-Удэ включил в программу спектакль Театра кукол «Ульгэр»: Россия и Культура, Праздник и Дети

Страдания юного Аюша Булчун

Участники Всероссийской олимпиады школьников по математике выбрали Marins Park Hotel Нижний Новгород

Спорт в России и мире

Ангеліна Калініна поступилася восьмій ракетці світу Саккарі на турнірі WTA 1000 у Римі: результат

«Подача на победу на Уимблдоне». Гвардиола – о заключительном туре АПЛ

Даниил Медведев одолел 121-ю ракетку мира Меджедовича и вышел в 1/8 финала Рима

Виктория Азаренко пробилась в четвертьфинал турнира WTA в Риме

Moscow.media

Столичные росгвардейцы задержали молодую распространительницу наркотиков

Под зеленым куполом

Столичные росгвардейцы задержали мужчин, подозреваемых в хранении наркотиков

Axenix выводит на рынок систему поддержки принятия решений SmartAx











Топ новостей на этот час

Rss.plus






Режим работы столичных ярмарок выходного дня изменится с 17 мая

В ЦСКА рассказали о тяжести травмы голкипера Владислава Торопа

Синоптики спрогнозировали в Москве до +20 градусов и небольшой дождь 16 мая

С завтрашнего дня в Москве начнут отключать отопление