Мы в Telegram
Добавить новость

Стикеры с QR-кодом для отзывов о температуре в вагонах разместят в метро

В Истре на улице Урицкого открылась поликлиника после капремонта

Почти 2 тыс аварийных деревьев убрали в лесах Подмосковья с января

В Истре 25 мая состоится концерт «Легенды. Два рояля»



World News in Tajik


Новости сегодня

Новости от TheMoneytizer

Генерал Қосим Сулаймонӣ дар Бағдод кушта шуд

Генерал Қосим Сулаймонӣ дар Бағдод кушта шуд

Генерал Қосим Сулаймонӣ, фармондеҳи пурқудрати Нерӯҳои Қудси Сипоҳи посдорони Эрон субҳи ҷумъаи 3-юми январ дар ҳамлае дар наздикии фурудгоҳи Бағдод -- пойтахти Ироқ, кушта шудааст.

Сипоҳи посдорон дар хабарномае субҳи ҷумъа таъйид кард, ки Қосим Сулаймонӣ дар наздикии фурудгоҳи Бағдод кушта шудааст. Сипоҳи посдорон мегӯяд, "дар ҳамлаи чархболҳои амрикоӣ ба як мошин дар Бағдод, Қосим Сулаймонӣ ва Абу Маҳдӣ Ал-Муҳандис", кушта шуданд.

Қаблан гузоришҳое дар бораи ҳамлаи мушакӣ ба Фурудгоҳи байналмилалии Бағдод нашр шуда буд. "Ҳашд Аш-Шаъбӣ" -- нерӯҳои ниманизомии Ироқ дар шабакаи "Твиттер" кушта шудани Қосим Сулаймонӣ ва Абу Маҳдӣ Ал-Муҳандис дар ҷараёни ҳамла ба корвони онҳо дар фурудгоҳи Бағдодро таъйид кард. Ин гурӯҳ ваъда додааст, ки ҷузъиёти бештареро нашр мекунад.

Вазорати дифои Амрико дар баёнияе эълом кард, "бо дастури президенти Амрико Доналд Трамп, артиши Иёлати Муттаҳида дар иқдоме қотеъ ва дифоӣ барои ҳифозат аз афроди амрикоӣ, Қосим Сулаймонӣ, фармондеҳи Нерӯҳои Қудси Сипоҳи посдоронро, ки дар феҳристи террористӣ қарор дошт, кушт".

Як мақоми катиба ё воҳидҳои "Ҳизбуллоҳ" -- гурӯҳи ниманизомии шиаи мавриди ҳимояти Эрон ба хабаргузории "Ассошиэйтед пресс" гуфтааст, Абу Маҳдӣ Ал-Муҳандис барои истиқбол аз Қосим Сулаймонӣ ба фурудгоҳи Бағдод рафта буд. Тибқи ин гузориш, Қосим Сулаймонӣ эҳтимолан аз Сурия ё Лубнон вориди Бағдод шуда буд.

Вокунишҳо ба кушта шудани Қосим Сулаймонӣ

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико шомгоҳи панҷшанбе ва чанд соат баъд аз нашри хабар кушта шудани Қосим Сулаймонӣ дар "Твиттер"-и худ танҳо акси парчами Амрикоро нашр кард.

Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари Ҷумҳурии исломии Эрон дар вокуниш ба кушта шудани Қосим Сулаймонӣ, фармондеҳи Нерӯҳои Қудси Сипоҳи посдорон аз сӯи Амрико гуфтааст, ки "интиқоми сахте" даркор хоҳад буд. Раҳбари Ҷумҳурии исломӣ дар паёми худ зимни ситоиш аз шахсияти Қосим Сулаймонӣ гуфтааст, "бо рафтани ӯ, кори ӯ ва роҳи ӯ" мутаваққиф ва баста нахоҳад шуд.

Алӣ Хоманаӣ ваъда додааст, ки "интиқоми сахте дар интизор"-и касоне аст, ки дар ҳамлаи дишаб ӯро куштанд. Раҳбари Ҷумҳурии исломӣ таъкид кардааст, ки Қосим Сулаймонӣ чеҳраи байналмилалии муқовимат аст. Раҳбари Эрон ба муносибати кушта шудани Қосим Сулаймонӣ се рӯз мотами умумӣ эълон кардааст.​

Сухангӯи вазорати умури хориҷии Эрон гуфтааст, дар пайи кушта шудани Қосим Сулаймон аз сӯи Амрико дар Бағдод, кордори сафорати Шведсия дар Теҳрон ба унвони ҳофизи манфиатҳои Амрико, ба вазорати умури хориҷии Эрон даъват шудааст. Сухангӯи вазорати умури хориҷии Амрико дар "Твиттер"-и худ навиштааст, "ба вай гуфта шуд, ин иқдоми Амрико намунаи боризи терроризми давлатӣ аст ва режими Амрико масъули ҳамаи оқибатҳои он хоҳад буд".

Майк Помпео, вазири умури хориҷии Амрико дар ҳисобии корбарии худ дар "Твиттер" бо нашри аксҳое аз Ироқ гуфтааст, ироқиҳо дар хиёбонҳо  барои озодӣ мерақсанд, сипосгузоранд, ки дигар Қосим Сулаймонӣ нест.

Муҳаммадҷавод Зариф, вазири умури хориҷии Эрон кушта шудани Қосим Сулаймонӣ, фармондеҳи Нерӯҳои Қудси Сипоҳи посдорон аз сӯи Амрикоро иқдоми "бисёр хатарнок" хонд ва гуфтааст, ИМА масъули ҳама оқибатҳои ин иқдом хоҳад буд.

Муҳсин Ризоӣ, фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорон ва дабири Маҷмааи ташхиси маслиҳати низом дар паёме дар "Твиттер"-и худ ба кушта шудани Қосим Сулаймонӣ ишора карда ва ваъда додааст, ки "интиқоми сахте" аз Амрико гирифта хоҳад шуд.

Ҳисомиддин Ошно, мушовири расонаии Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳури Эрон ҳам дар паёми твиттерӣ, нисбат ба паёмадҳои иқдоми Амрико дар куштани Қосим Сулаймонӣ ҳушдор додааст.

Кайвон Хусравӣ, сухангӯи Шӯрои олии амнияти миллии Эрон субҳи ҷумъа эълом кардааст, ки то чанд соати дигар ҷаласаи изтирории ин шӯро барои баррасии ҳамла ба мошини Қосим Сулаймонӣ дар Бағдод, ки боиси кушта шудани ӯ шуд, баргузор мешавад.

Читайте на 123ru.net


Новости 24/7 DirectAdvert - доход для вашего сайта



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России



Smi24.net — ежеминутные новости с ежедневным архивом. Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "123 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Smi24.net — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net. Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть —онлайн с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии. Smi24.net — живые новости в живом эфире! Быстрый поиск от Smi24.net — это не только возможность первым узнать, но и преимущество сообщить срочные новости мгновенно на любом языке мира и быть услышанным тут же. В любую минуту Вы можете добавить свою новость - здесь.




Новости от наших партнёров в Вашем городе

Ria.city

В Штабе общественной поддержки пройдет Детский шахматный турнир Сергея Карякина

Подведены итоги третьего сезона «Лига Ставок Media Basket»

В ФНС назвали фейком новости о задержании главного свердловского налоговика

Прокурор ЦАО г. Москвы разъясняет

Музыкальные новости

На Улан-Удэнском ЛВРЗ прошел конкурс «Лучший по профессии 2024»

Опера «Тоска» 25 мая. Состав исполнителей

Азербайджанцев оправдали за убийство спортсмена Евгения Кушнира в Самарской области. Делом заинтересовался глава Следкома РФ А. Бастрыкин

Театр танца Катерины Нейман выступил на главной сцене ТРЦ «Нора»

Новости России

МЧС: загоревшуюся электричку в Подмосковье потушили, никто не пострадал

В Москве умерла вдова народного артиста СССР Михаила Пуговкина

В Штабе общественной поддержки пройдет Детский шахматный турнир Сергея Карякина

Прокурор ЦАО г. Москвы разъясняет

Экология в России и мире

Коломна

Дорожные ирригаторы Revyline RL 660 New Black скоро появятся в представительстве бренда в Улан-Удэ

В Астрахани прошли мероприятия, посвящённые Дню Победы

Осторожно ВПЧ! Доктор Кутушов рассказал от чего появляются папилломы на теле

Спорт в России и мире

Казахстанец совершил фантастический рывок в рейтинге ATP

Касаткина, Андреева и Кудерметова — в тройке лидеров в борьбе за звание лучшей теннисистки

Экс‑теннисистка Джорджи обвиняется в краже мебели и ковров на €100 тысяч — СМИ

Немец Зверев выбил россиянина Медведева из топ-4 ATP

Moscow.media

Старый Гоор.

«Байкал Сервис» стал партнером Премии 2ГИС

АО «ДиМ» демонтировало 40% старого путепровода над железнодорожными путями

На Невском заводе электрического транспорта наградили победителей фестиваля «Транспорт: будущее»











Топ новостей на этот час

Rss.plus






В ФНС назвали фейком новости о задержании главного свердловского налоговика

Легенда ЦСКА Попов заявил, что гонял по МКАД на скорости 260 км/ч

Прокурор ЦАО г. Москвы разъясняет

В Штабе общественной поддержки пройдет Детский шахматный турнир Сергея Карякина