Дороии сарватмандтарин шаҳрвандони Русия дар соли 2019 то 21 дарсад афзуда, 51 миллиард долларро ташкил додааст. Мутахассисони оҷонсии Bloomberg дар охири сол шохиси сарватмандтарин сокинони сайёра ё миллиардерҳоро тартиб доданд. Ин ниҳод дар шарҳи сабаби болоравии даромади ин қишри мардум гуфтааст, ки баъди коҳиши даромадҳои як соли аз ин пеш, дар соли ҷорӣ саҳҳом ва дороиҳои дигари сарватмандон арзиши худро барқарор карда аз хисороти молӣ раҳиданд.
Дар феҳристи сарватмандтаринҳои Русия исми 23 нафар зикр мешавад ва танҳо Дмитрий Риболовлев, ки сарвати хусусиаш 9,6 миллиард долларро ташкил медиҳад, дар як соли охир бо коҳиши даромадҳояш дар ҳаҷми 438 миллион доллар рӯбарӯ шуд. Дар Украинаи ҳамсоя соҳибкори саноаткор Ринат Ахмедов имсол ҳам сарваташро бештар кард ва ҳаҷми даромадаш 812 миллион доллар афзуда то беш аз 6 миллиард долларро ташкил дод.
Аксари миллиардерҳо мисли пешин сокини ИМА мебошанд. Шумори онҳо дар феҳристи Bloomberg 172 нафар буда, даромадашон дар маҷмӯъ 500 миллиард долларро ташкил медиҳад.