Добавить новость
World News in Tajik


Новости сегодня

Новости от TheMoneytizer

Баррасии авфи муҳоҷирони тоҷик дар мулоқоти Раҳмон ва Путин

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ҳангоми мулоқот бо ҳамтои русаш Владимир Путин масъалаи афви муҳоҷирони ғайриқонунии тоҷик дар Русияро баррасӣ кардааст. Дар ин бора дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 20-уми декабр хабар дод ва гуфт, дар мулоқот дар ин рӯз, “рафти татбиқи тадбирҳо оид ба ҳалли масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ, бахусус масъалаи эълони авфи навбатии муҳоҷирон аз ҷумлаи шаҳрвандони Тоҷикистон дар Россия, муҳокима карда шуданд.” Дар ин хабар гуфта нашудааст, ки афви навбатӣ кай ва чӣ гуна сурат мегирад.  Русия соли 2017 ба даҳҳо ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷоза дод, санадҳояшонро қонунӣ кунанд.


Мулоқоти раҳбарони ду кишвар дар шаҳри Санкт Петербург ва дар ҳошияи нишасти ғайринавбатии сарони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил сурат гирифтааст.  Дар Русия бештар аз як миллион нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон кору иқомат мекунанд. Теъдоди зиёде аз онҳо ғайриқонунӣ ҳастанд.  Ҳукумати Тоҷикистонро пайваста танқид мекунанд, ки барои ҳимоят аз ҳуқуқи муҳоҷирон ба қадри кофӣ саъю кӯшиш намекунад ва онҳоро ба ҳоли худашон гузоштааст.

Читайте на сайте


Smi24.net — ежеминутные новости с ежедневным архивом. Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. Абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть —онлайн с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии. Smi24.net — живые новости в живом эфире! Быстрый поиск от Smi24.net — это не только возможность первым узнать, но и преимущество сообщить срочные новости мгновенно на любом языке мира и быть услышанным тут же. В любую минуту Вы можете добавить свою новость - здесь.




Новости от наших партнёров в Вашем городе

Ria.city
Музыкальные новости
Новости России
Экология в России и мире
Спорт в России и мире
Moscow.media










Топ новостей на этот час

Rss.plus