Доналд Трамп санадеро имзо кард, ки Русия як ҳадафаш аст
Дар банди вобаста ба Русия аз киштиҳое, ки дар зери баҳр лӯлаҳои газ мегузоранд, хоста шудааст, корро “фавран” қатъ кунанд, вагарна ба таҳрим дучор мешаванд ва мумкин аст, ҳисобҳояшонро банданд. Тарҳи 11 миллиард долларии Маҷрои Ҷанубӣ-2, ки гази Русияро ба Олмон мерасонад, то тақрибан такмил шудааст ва таҳлилгарон мегӯянд, таҳримот мумкин аст, монеи ба поён расонидани он нашавад.
“Allseas Group” як ширкати мустақар дар Швейтсария, ки охири қисмати лӯлаи гази 1230 километриро мекашид, гуфт, корҳо дар ин тарҳро мутаваққиф кардааст.