Фейсбук саҳифаи ҳизби ҳокими Гурҷистонро пок кард
Ба гуфтаи Фейсбук, ин саҳифаҳо худро ба ҳайси хабаргузориҳое бо номи “Фастнюс” ва “Майпресс” вонамуд карда ва ба бадгӯӣ дар ҳаққи аҳзоби сиёсӣ, шахсиятҳо, фаъолони маданӣ ва расонаҳо машғул будаанд. Дар баёнияи Фейсбук омадааст: “Саҳифаҳои умумӣ ва хусусӣ дар бораи масоили дохилӣ, аз ҷумла интихобот, сиёсатҳои ҳукумат менавиштанд ва мухолифону фаъолони маданиро танқид мекарданд.
Ба гуфтаи Фейсбук, яке аз ин саҳифаҳо бештар аз 440 ҳазор корбар ва як гуруҳаш бештар аз 50 ҳазор аъзо доштааст. Фейсбук гуфтааст, онҳое, ки ин саҳифаҳоро боз кардаанд, мушаххасоту нишониҳояшонро пинҳон мекарданд.