Добавить новость
World News in Tajik


Новости сегодня

Новости от TheMoneytizer

Дар мошини фаъоли қазоқи мухолифи нуфузи Чин каллаи саг гузоштанд

Афроди номаълум мошини фаъоли ҳуқуқи башари қазоқ Нурҷон Муҳаммадовро тахриб намуда, дар курсии ронанда каллаи сагро ҷой додаанд. Тирезаҳои мошин шикаста, ҳавои чархҳояш хориҷ ва дар тани он калимаи ноҷо навишта шудааст.


Нурҷон Муҳаммадов гуфт, "ман ин амалро бо афкори сисёсиам марбут медонам. Ҳеҷ шубҳа надорам. Сухани ман ҳақ аст ва ман бар зидди тавсеаи ҳузури Чин ҳастам. Ҳадафи онҳо бидуни шубҳа тарсонидани ман аст. "


Муҳаммадов мухолифи тавсеаи рӯзафзуни ҳузури иқтисодии Чин дар Қазоқистон аст. Ӯ ҳамчунон ба ҳимоят аз маҳбусони сиёсӣ ва мардуми бехонаву ҷой садо баланд кардааст. Соли равон Муҳаммадов чанд дафъа ба мудддати кӯтоҳ ҳабс шудааст.


Тарафдорони Муҳаммадов ба идораи додситонӣ рафта, тафтиши ҳамларо талаб кардаанд. Мухтор Аристон, аз додситонӣ гуфт, "тафтиши ин қазияи авбошӣ оғоз ёфт. Ҳодиса ҳамин рӯз ба вуқӯъ пайвастааст".



Рӯзноманигор: "Пас тафтиш расман шурӯъ шуд?"


Мухтор Аристон: "Бале, мо аз полис аризаи хос дастрас кардем."



Дар гузашта низ ба журналистони мустақили Қазоқистон ҷасади саг ва ё сари саг фиристода буданд.


Шумкентай Бортебай, сокини Чимкент ва яке аз тарафдорони Муҳаммадов гуфт, "ин бори аввал нест. Ахиран, аснои мурофиаи парвандаи Нурҷон Муҳаммадов, мошини вакили дифои ӯро тахриб карда буданд. Онҳо дар масофаи даҳ метр аз бинои додгоҳ ва дар рӯ ба рӯи дурбинҳои назорати ин коррро карда буданд".


Эргалӣ Қулбаев, сокини Чимкент ва як тарафдори дигари Муҳаммадов гуфт, "дар ин ҷо ҳуқуқи мо ҳимоят намешавад. Дар кишварҳои мутараққӣ сагро ҳам ҳимоят мекунанд ва кӯмаки тиббӣ мерасонанд. Дар ин ҷо аз ҳуқуқи мардум ва фаъолони ҷамъиятӣ дифоъ намекунанд. Моро баробари ҳамон саг эҳтиром намекунанд".

Читайте на сайте


Smi24.net — ежеминутные новости с ежедневным архивом. Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. Абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть —онлайн с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии. Smi24.net — живые новости в живом эфире! Быстрый поиск от Smi24.net — это не только возможность первым узнать, но и преимущество сообщить срочные новости мгновенно на любом языке мира и быть услышанным тут же. В любую минуту Вы можете добавить свою новость - здесь.




Новости от наших партнёров в Вашем городе

Ria.city
Музыкальные новости
Новости России
Экология в России и мире
Спорт в России и мире
Moscow.media










Топ новостей на этот час

Rss.plus